sebiston july new
Офтоб дӯст ё душмани пӯст?
11.08.2024
ОИЛА.ТҶ
723

Офтоб - манбаи иммунитет, витамини Д, муътадилсози чарби пӯст, муҳофизи саломатӣ ва пӯсти рӯй ба шумор меравад, вале ҳама чиз андоза дорад.

Ҳама чиз андоза дорад, аз он ҷумла офтоб низ, доруворӣ низ, вақте инсон дорувориро зиёд истеъмол кунад, он ба заҳр мубаддал мегардад. Вақте дар зери нурҳои сӯзони офтоб қарор мегирад, он бар зарари саломатӣ аст.

Нурҳои сӯзони офтоб сафедаи пӯстро нобуд месозанд, сафедаи пӯст ин коллаген, эластин ва ҳуҷайраҳои пӯст аст, дар натиҷа пӯст пажмурдаву бенур гашта, ожанг пайдо мекунад.

Вақте нурҳои офтоб ба нуқтаи ниҳоии ҳуҷайраҳои пӯст мерасанд, дар пӯст доғ пайдо мешавад, ҳатто аз таъсири офтоб пӯст метавонад гирифтори саратони ҳуҷайраҳои пӯст гардад.

Чӣ бояд кард? Бояд ҳангоми сӯзон будани нурҳои офтоб бо либос, кулоҳ ва айнак тамоми ҷисми худро аз он панаҳ кард.

Ҳамзамон дар айни гармии рӯз ба кӯчаву бозор баромадан лозим нест.

Кадом малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунандаро интихоб бояд кард?

Маҳамҳои зидди офтобӣ бояд дар бастаи худ нишонаи 50+ дошта бошанд. Ин маънои онро дорад, ки малҳами мазкур метавонад дар гармои беш аз 50 дараҷа пӯсти занро аз нурҳои зарарноки офтоб ҳифз намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД