Бар асари борони шадид, ки дар як қатор ноҳияҳои кишвар борид, як қатор харобиҳо ва зарари мардум ба қайд гирифта шудааст.
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳад, бо сабаби боридани борони шадид сатҳи оби селроҳаи Аштсой ва Пунуксой баланд гардида, ба канали Фарғона мавзеи Косагул, маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Ориён селоба сарозер шуд.
Сел ба 18 ҳавлӣ ва 2 хонаи истиқоматии сокинони маҳаллаи мазкур, инчунин ба ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 ва тақрибан 70 гектар замини кишоварзӣ ворид шуд ва зарар расонд.
Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти пай дар пайи барфу борон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нушор дар ду мавзеъи деҳаи Дараи Нушор шаби тарма фаромада, роҳи мошингарди деҳаи мазкурро бо деҳаҳои дигари ҳудуди ҷамоат баст. Ҳамчунин, дар натиҷаи ин офати табиӣ хатҳои оби нӯшокӣ ва канали таъмини оби полезии ҷамоати деҳоти Нушор ва ҷамоати деҳоти Зарафшони қисман харобу валангор гардидааст.
Барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ситоди ноҳиявӣ ташкил карда шудааст.