Якбора ба бемории руҳӣ гирифтор шудани Фарид тамоми хешовандон, дӯстону наздиконашро ба ҳайрат овард. Охир Фарид то имрӯз дар як корхонаи бонуфуз ба ҳайси директори генералӣ кор мекарду ягон вақт ҳатто бемории зуком ҳам нашуда буд.
Бемории равонии мард баъди зани севвум гирифтанаш оғоз гардид. Хусусан вақти намози шом Фарид бетоқату асабӣ шуда, зану кӯдаконашро ҳақорат мекард, модари пирашро аз хона пеш карда, ҳар гапе аз даҳонаш барояд, гуфтан мегирифт. Дар коргоҳ низ дигар мисли пешина роҳбари ширинсухану ботамиз набуд. Тамоми зердастон аз ҳақорату дашномҳои болохонадори Фарид ба дод омада, ба идораи болоӣ аризаи шикоятӣ навиштанд.
Фарид худ ба худ гап мезадагӣ шуд. Зани якумаш, ки хеле бонуи донову фурӯтан буд, ҳис кард, ки ба шавҳараш ягон махлуқи нопок ёру ҳамдаму ҳамроз гаштааст. Чунки шабҳо шавҳараш аз чойгаҳи хобаш хеста, ба берун мебаромаду то нисфи шаб дар кӯчаҳо сайругашт мекард.
Зани якумаш Латифа ном дошт. Ӯ ба наздикони Фарид гуфт, ки илми муосири тиб ба шавҳараш кӯмак накарда истодааст. Барои ҳамин беҳтараш ягон домуллои донишманд оварда, ӯро хононанд. Фаридро ба назди домуллои норакӣ-Абуҳамид бурданд. Эшони Абуҳамид баробари диданаш гуфт, ки ба Фарид ҷини ғайримусулмон ҳамдам гаштааст ва ӯро таги чодар чил рӯз ёсин хондан лозим меояд.
Чун хешовандони наздики Фарид хеле пулдору доранда буданд, бе истиҳола розигӣ дода, барои Фарид утоқи алоҳида ташкил карданд. Эшони Абуҳамид баъди рӯзи аввали дуо хондан арақи пешониашро пок карда, базӯр нафас кашида гуфт:
-Хеле дар азоб аст ин мард. Ҷини ба ӯ ҳамроз гашта аз ҷинси зан асту ҳаргиз аз ӯ ҷудо шудан намехоҳад. Ин ҷин ҳашт ҳазор сол умр дорад. Мегӯяд, ки ба ҳаёташ дахолат накунам. Намедонам, ки оқибати ин дуохониам чӣ мешуда бошад? Албатта, ба ғайр аз Худованд дар ин дунёву дар он дунё касе зӯр нест, вале ин ҷини нопок домони марди ошиқ шудаашро сар додан намехоҳад. Ҳатто ба хотири ишқи ин мард розӣ аст, ки дини исломро қабул кунад.
-Тавба гӯед, –гуфт додари Фарид, ки тамоман ба вуҷуд доштани ҷину парӣ боварӣ надошт.
-Бале, писарам, ин гапҳо асос доранд.
-Ман боварӣ надорам. Шояд бародарам аз тарс ба ин дард гирифтор шуда бошад.
-Тарс мебуд, кайҳо аз як дуо хонданам сиҳат мешуд. Афсӯс… Ман пагоҳ кор дорам, ба ҷоям шогирдам меояд. Дигар рӯзҳои боқимонда худам мехонам. Тамоми чизи суратдорро аз ҳуҷраи бемор бигиред.
Эшони Абуҳамид бо хешовандони Фарид хайрухуш карда, ҷониби хонааш раҳсипор гардид. Ҳарчанд онҳо зорӣ карданд, ки бо мошин ӯро бурда, ба Норак расонанд, розӣ нашуд.
-Ин мард сахт гирифтори ҷини зан шудааст. Зӯри ман ҳам имрӯз нарасид. Мегӯяд, ки аз баҳри ин бемор гузарам, -бо ҳамин андешаҳо эшони Абуҳамид мошинеро киро карду ба хонааш раҳсипор гардид. Шабона мулло дод зада, аз хобаш бедор шуд. Дар хобаш ҳамин ҷинро дид, ки тахдиди куштанаш мекард. “Тавба, ин ҷин ин қадар нотарс аст, чӣ тавр ӯро аз тани марди бечора бурун орам” гӯён, сар ба ҷайби андеша афканд…
Шогирди эшон рӯзи дуввум ба дуохонӣ омад. Аммо баъди панҷ дақиқаи дуохонӣ ранги рӯяш сап-сафед канда, аз ҳуҷра баромад.
-Бахшиш, аммо ман дигар писари шуморо дуо хонда наметавонам.
-Чӣ гап шуд?
-Ҷини ба ин мард ёршуда сахт маро азоб дод. Ҳалқам хушк шуду қариб ғанабам барад. Наметавонам. Зӯрам нарасид. Устодам метавонад. Узр, ман меравам. Бародаратон бо ҷин сахт дӯст шудааст. Агар худаш иродаашро ба даст гирифта, бо мо барои баровардани ҷин мубориза набарад, ин ҷин аз тани ӯ намеравад. Хайр, ман рафтам.
Рӯзи дигар эшони Абуҳамид ба дуохонӣ омад. Нисфирӯзӣ барои хондани намози пешин баромаду гуфт:
-Хеле вазнин шуд, табобати ин бемор. Ҷин дини исломро қабул карда, дар мағзи сари бемор маскан гирифтааст. Бемор пурра ба ӯ итоат дорад. Мо фақат ба Худованди пок умед мебандему дуо мехонем. Дигар фақат тавакал ба Худо.
-Амак, ҳамин ҷину парӣ чӣ хел ба одам ёр мешавад?-савол дод зани Фарид.
-Ҳар хел. Масалан, агар одам сахт асабӣ шавад ё вақти хӯрокхӯрӣ бисмиллоҳро аз ёд барорад ва ё дар намози шом танҳо дар кӯча гардад, умуман ин ҳолатҳо хеле зиёданд. Ман намозамро хонам, баъд пурра дар ин бора нақл мекунам, ҳамшира. Ба фарзандонатон ҳам мефаҳмонам.
Давом дорад