arzon replenishment
Одобу ахлоқи накў ҳусни зан ва виқори мард аст!
17.11.2024
ОИЛА.ТҶ
248

Нурӣ Касимова сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Маслиҳатҳои модари азиз оид ба одобу ахлоқи ҷавонон ва таъсири он ба мустаҳкамии оила мебошад, ки хеле саривақтист.

- Ман дар ҷамоати Хистеварз узви “Шўрои муросо” будам. Рўзе мехостем як оиларо бо ҳам оштӣ диҳем, дар ҷамъомади мо домоду келин бо модаронашон иштирок доштанд. Ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ ба суҳбат кашидем, гуноҳи келин ҳамин будааст, ки ба касе салом намедодааст. Чун аз келин пурсидам, ки “чаро салом намедиҳӣ?”, ў ғайричашмдошти ман посух дод, ки “ман салом дода наметавонам”. Ба суоли ман, ки “оё муаллим дар мактаб ба ту дар бораи салом чизе нагуфт ё падару модарат ба ту саломдиҳиро ёд надоданд?”, ў не гуфт. Шояд аз назари аввал аҷиб намояд, ки наход барои салом надодан оилаи ҷавон вайрон шавад? Бале, бадбахтона он оила вайрон шуд, зеро салом надодани инсон нишонаи кибру ғурур ва беодобист. Ба ҷои беодобии худро ба гардан гирифта, аз пайи ислоҳи он шавед, якравӣ накунед, ҷавонони азиз! Одобу ахлоқи накў ҳусни зан ва виқори мард аст!

Мавод дар ҳамкорӣ бо гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан» ба нашр мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД