Arzon Navruz
ҲОДИСАИ НОХУШ: МУҲОҶИР МУСОФИРАШРО ФАРОВАРДУ БА САДАМА ДУЧОР ШУД
3788

Ҳалокати ронандаи 26 - солаи тоҷик дар Петербург: Range Rover ба худраваш бархӯрд.

Дар Санкт-Петербург садамаи мудҳиш рух дод, ки бар асари он як муҳоҷири 26 – солаи тоҷик ҷон аз даст дод.

Тавре нашрияи минтақавии 78.ru бо истинод ба шӯъбаи таблиғотии полиси роҳ дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар медиҳад, садамаи мудҳиш тахминан соати 21:30 дар минтақаи Василевский рух додааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, худрави Range Rover ба мошини таксӣ бархӯрдааст.Сари идораи мошини таксӣ, ронандаи 26 – сола аз Тоҷикистон қарор дошт, ки дар ин ҳодисаи нохуш ҷони худро аз даст дод.

Гуфта мешавад, ронандаи ҷавон ҳамагӣ чанд дақиқа қабл аз садама,мусофирашро фароварда буд.

Манбаъ меафзояд, нисбати ронандаи Range Rover протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Зикр мегардад, ки ронандаи Range Rover дар ҳолати сархушӣ мошинро идора мекард, аммо худи ӯ иддао дорад, ки пас аз садама барои ором кардани худ арақ нӯшид.

Дар навор маълум аст, ки кормандони пулис ба дасти ронанда завлона андохта ӯро ба мошин савор карданд.

Феълан, тафтишоти ин ҳодисаи нохуш аз ҷониби пулис идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД