Полиси Амрико модари як кӯдаки шашсоларо аз иёлоти Вирҷиния бо гуноҳи тарбияи нодурусти фарзанд боздошт кард.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин кӯдак моҳи январи имсол муаллимашро дар мактаби ибтидоии Ричнек паррондааст. Полис дақиқ кард, ки кӯдак силоҳи шахсии модарашро аз ҷевони ҳуҷраи хобаш гирифта, ҳамроҳ ба мактаб бурдааст.
Гуфта шуд, ки ба гумонбар Деҷа Тейлори 25-сола то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳоло вай бар ивази 5000 доллар гарав озод шудааст.
Муаллими синфҳои ибтидоӣ Абиҷайл Свернер, ки баъди тирандозӣ сахт маҷрӯҳ шудааст, аз рӯи маъмурияти мактаб ба суд шикоят бурда, 40 миллион доллар товон талаб кардааст.