Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии кишвар бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода ва дигар роҳбарони баландпояи ин ниҳод нишасти матбуотӣ доир гашта, масъалаҳои мубраме чун одамрабоию одамфурӯшӣ, куштор, худкушӣ ва вазъият дар минтақаҳои марзӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар нишаст қайд карда шуд, ки таи соли гузашта 52 ҳодисаи савдои одамон ба қайд гирифта шуда, нисбати 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст, ки аз ин шумора 14 нафар занон ва боқимонда мардҳо мебошанд. Ба иттилоъи намояндагони вазорати умури дохилӣ шахсоне, ки ба доми одамфурӯшон афтодаанд, бештар гирифтори истисморӣ меҳнатӣ ва истисморӣ шаҳвонӣ мешаванд.
Нуқтаи муҳими дигаре, ки дар нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба он таваҷҷӯҳи хоса дода шуд, ин худкушӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, куштор ва сӯиқасд ба куштор буд. Маълум гашт, ки таи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 96 ҳодисаи худкушии ҷавонон ва 77 ҳолати даст ба худкушӣ задани ноблиғон ба қайд гирифта шудааст.
“Яке аз ҳодисаҳои мудҳиштарин ин кушотор аст ва дар тӯли соли 2021 аз рӯйи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, 103 ҷинояти куштор ба қайд гирифта шудааст”- гуфт бо нигаронӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Хабарнигорон назари Рамазон Раҳимзодаро дар бораи вазъи имрӯзаи Бадахшон пурсон шуданд ва вазир дар ҷавоб аз ҳамкории зич бо аҳолӣ ва мусодираи силоҳи оташнишон гуфт. Рамазон Раҳимзда зикр намуд, ки танҳо аз ин минтақа 367 адад силоҳои оташнишон мусодира карда шудааст.