Зиёда аз ними меҳмонхонаҳои кишвари Ҷопон ба меҳмонҳое, ки дар баданашон холкубӣ доранд, истифода бурдан аз ҳавзи об ва ворид шудан ба мавзеи оббозиро манъ кардаанд.
Оҷонсии ҷопонии оид ба сайёҳӣ гуфтааст, ки танҳо 56% меҳмонсароҳои ин кишвар чунин қоидаро роҳандозӣ намудаанд ва 31%-и меҳмонхонаҳо ба меҳмонҳои баданашон пур аз нақшу нигор назари нек доранд. 13%-и меҳмонхонаҳо дар сурати бо либос пинҳон кардани холкубӣ ба ҳавзи об даромадани меҳмонҳои дар танашон холкӯбӣ доштаро иҷозат медиҳанд.
Ҳанӯз соли 2012 ҳукуматдорони кишвари Ҷопон ба қароре омада буданд, ки одамони холкӯбикарда ҳуқуқи бо дигарон муошират карданро надоранд.