goodwell
Одамони 100-сола дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд?
24.07.2026
Оила
130

Одамони 100-сола дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд?

Маълум шуд, ки дар кишвари мо 280 нафар одамони синну солашон аз 100-сола боло зиндагӣ мекардаанд. Дар ин бора раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод рӯзи 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфтааст, ки калонсолтарин сокинони ҷумҳурӣ ду зани 113 сола мебошанд, ки яке дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигарӣ дар Бохтар умр ба сар мебаранд.

Директори агентӣ ҳамроҳи ин занҳои табаррук сӯҳбат кардааст ва мегӯяд, новобаста ба синну солашон онҳо худро хуб ҳис мекунанд.

Бино бар иттилоъи ин ниҳод, дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашхон 1 нафар, дар Суғд 42 нафар, дар Хатлон 136 нафар, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 80 нафар ва дар шаҳри Душанбе 21 нафар нафақахӯрони синну солашон аз 100 боло зиндагӣ мекардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД