arzon replenishment
Одамон ва ҳайвонот аз хунукӣ ҳамхона шуданд
1288


Сардии имсола, ки аз 10-уми январ оғоз шуда, то ҳол идома дорад, садҳо мушкилиро пеш овардааст. Баста шудани роҳҳо, тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ, хоса роҳи Хуҷанд- Душанбе-Чаноқ, садамаҳои маргбори нақлиётӣ, , ях кардани хатҳои об, лағжида афтидану осеб бардоштани сокинон, зиёд шудани беморону паҳншавии бемориҳои гуногуни сироятӣ ва ғайра.

Мардуми шаҳр-ку ба ҳар ҳол зиндагии беҳтаре доранд, вале сокинони деҳот дар ин рӯзҳои сард сахт азоб мекашанд. Кор ба ҷое расидааст, ки мардум аз хунукӣ бузӯғолаву гӯсолаҳояшонро ба хонаҳои хоби худашон дароварда, ба чорво ҳатто палтою куртка мепӯшонанд...
Сокинони шаҳр аз дилсӯзӣ паррдаҳои гуруснаро, ки ду-се рӯз дар даромадгоҳи бинояшон аз сардӣ ларзидаву қариб ях карда буданд, ба хонаҳояшон дароварда обу дон дода бошанд, дар баъзе аз деҳаҳои куҳӣ одамон дар оғилҳояшон печҳои буғорӣ насб карданд, вале чун диданд ин амал ҳам суд намедиҳад, ба гову гӯсолҳо либосу пальто пӯшонидаанд.

Аз ҷумла чанде аз сокинони деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдат низ барои таъсир накардани сардӣ ба оғилҳояшон печҳои бухорӣ насб кардаанд ва ба чорпоён палтою кӯртка пӯшонда, чорвои навзод, аз ҷумла гӯсолаҳои дар ин рӯзҳои сард ба дунё омадаро дар хонаи хоби худашон ҷой кардаанд.
Албатта ин мушоҳидаҳо “қатрае аз баҳр”-и сардиҳои имсола аст. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 10 рӯз пеш аз фаро расидани сардиҳо Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулладода ва маркази обуҳавошиносӣ шарвандонро ҳушдор дода буданд, ки хунукии шадид пешбинӣ шудаасту омода бошанд ва аз сафар ба роҳҳои дур, махсусан роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои доманакӯҳ худдорӣ намоянд, аммо маълум шуд, ки ин ҳушдорҳо на ҳамаро “ҳушёр” карда будааст.

Дар айни барфу тармафароӣ, дар ҳолати хавфноке, ки дар як соат беш аз 100 тарма фаромад, сокинони вилояти Суғд ба масири Душанбе сафар карда ҷони худро ба хатар гузоштанд. Аз ҳамин хотир бори дигар ёдрас мешавем, ки сардиҳо то охири ҳафта идома хоҳанд ёфт ва хуб мешуд, ки мардум худу фарзандон ва чорвояшонро дар ин айём сахт эҳтиёт намоянд.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД