Чунон хоби даҳшатноке дидам, ки кам монда буд дилкаф шавам. Дар хобам занеро қатл карданӣ шуда, гарданашро бо корд буридам, вале зани ба хун оғӯшта аз гиребонам гирифта, кам монда буд маро бӯғӣ карда кушад. Чанд рӯз боз ин хоби ваҳшатнок аз пеши назарам дур намешавад. Илтимос,таъбири хоби маро гӯед.
Исмоил, н. Ванҷ
Ба қатл расонидани инсон дар хоб ба таври мухталиф таъбир карда шудааст. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар инсон дар хобаш касеро ба қатл расонида, хуни ноҳақ резад, дар асл ягон гуноҳи хеле вазнин содир намуда, азоби рӯҳӣ хоҳад кашид.
Кас хоб бинад, ки ба дасти шахси дигар бе гуноҳ кушта шуда, шаҳид гаштааст, даромади калони пулӣ ба даст меорад ё ваъдаи додаашро иҷро намуда, хушбахт мешавад.
Хоб бинед, ки дар қатлгоҳ, дар пеши назари одамони зиёд хуни касеро рехта истодаед, ба ҳамон шахси кушташуда аз шумо дар ягон кор манфиати зиёде мерасад ва бо кӯмаки шумо фоида ба даст меорад.
Даст ба худкушӣ задан дар хоб фоли хуб буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида аз тамоми гуноҳҳои дар зиндагӣ содир кардааш пушаймон шуда, сидқан тавба мекунад ва рӯҳу қалби худро батамом пок месозад.
Хулоса, ба андешаи мо ягон амали ноҷо ё гуноҳи дар гузашта содир кардаатон шуморо ором намегузорад. Эҳсоси гуноҳ дар зеҳнатон амиқ ҷойгир шуда, боиси дидани чунин хоби даҳшатнок гашта метавонад.
Барои таскини қалбатон ба ягон ятим, бевазан ё бенаво садақа дода, кӯшиш намоед, ки худро бубахшед. Ба касе аз шумо агар зиёну зарар расида бошад, ғуруру такабурро як сӯ гузошта, бахшиш бипурсед, то ки минбаъд бо хотири осуда зиндагӣ кунед.