Бо сабаби гузаронидани корҳои барқарорсозӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ додани оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Душанбе” рӯзҳои 15-16-уми июл дар роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ корҳои барқарорсозӣ гузаронида шуда, бо ҳамин сабаб додани об ба баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт муваққатан қатъ мешавад. Аз сокинони маҳаллаҳои Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Шишхона, Камонгарон, Мовароуннаҳр, Чортеппа, 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 хоҳиш карда мешавад, ки барои ниёзҳои худ об захира намоянд.
Дар ин маҳаллаҳо аз соати 23:00-и рӯзи 15-уми июл то соати 16:00-и рӯзи 16-уми июл додани оби нӯшокӣ бо сабаби гузаронидани корҳои барқарорсозӣ муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ин бора МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар додааст.