arzon replenishment
Оби қайтарма бахти духтаронро мекушояд?
3532


Мегӯянд, ки оби қайтарма ба дарди беморон даво мебошад ва мушкили инсонро осон мекунад. Андешаи дигаре низ вуҷуд дорад, ки агар духтари бе шавҳар 7 маротиба оби қайтарма гирифта нӯшад. Дари бахташ кушода шуда, ба зудӣ арӯс мешавад. Мехостам донам, ки дар оби қайтарма кадом сураҳо хонда мешаванд?
Маҳбуда, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Дар ҳақиқат каломи худованд ба тамоми дардҳо даво буда, пеши роҳи бахт ва кору бори инсонро мекушояд. Дар мавриди сураҳо бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки маъмулан дар оби қайтарма барои табобати беморон ва кушоиши кор сураи Ёсинро мехонанд. Ин сураро надонед, ҳар сурае, ки аз Қуръон бошад, хонданаш ҷоиз аст, бахусус сураи фотиҳаро бихонанд, савби зиёде драд. Дар аҳодиси Пайғамбар (с) омадааст, ки сураи фотиҳа ба ғайр аз марг, дигар ба ҳама дардҳо давобахш аст ва пеши роҳи инсонро мекушояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД