Sebiston new 2024 october
Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи Рамазон чӣ мегӯяд?
01.04.2022
ОИЛА
1520

 

 

Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТҶ. Ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба хотири дастрасии мардум ба иттиллоти дуруст дар бораи Рамазон ва фазилатхои ин мохи муборак мо бо донандагони нозукиҳои дини мубини ислом сухбатхои чолиб ва пурмаъно меороем. Инак, боз моҳ мубораки Рамазон фаро мерасад ва хамаи шуморо бо ин мохи пур аз файзу баракат муборакбод гуфта, аз бойгонии «Оила» сухбати пурмухтавои яке аз маъруфтарин уламои точик-Ҳоҷӣ Мирзоро дар боби Рамазон манзуратон мегардонем.

- Ҳар сол баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарҳо нарху наворо якбора ба осмони ҳафтум мебардоранд. Магар дар назди Худованд ҷабр кардан ба киссаи мардум гуноҳ нест?

Бародарон Акмал ва Сафарбек, аз н. Ҳисор.

 

-Албатта, гуноҳ аст. Дар моҳҳои Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбаѓалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад.

 

-Касалии қанд дорам. Ҳалқам дам ба дам хушк мешавад. Метавонам рӯза дораму халқамро фақат бо об тар кунам ё обнӯшӣ мумкин нест?

Бибихол, сокини маҳаллаи Гипроземи пойтахт.

–Дар ҷавоби ин савол Худои меҳрубон дар ояти 184, сураи Бақара фармудааст, ки “фа ман кона минкум маризан”. Касоне, ки тоқати рӯза доштан надоранд, на ҳалқ тар кунанд ва на парво кунанд, ки пеши Худо гунаҳгор мешаванд, чунки Худои меҳрубон барои маризон рухсат додааст, ки рӯзаҳояшонро хӯранд. Дар давоми оят мефармояд, ки “фа иддату мин айёмин ухар”. Пас, вақте ки бемор сиҳат ёфт ва мусофир муқим шуд, он гоҳ рӯзаашро медорад. Ин ҷавоб барои тамоми касонест, ки тоқати рӯза доштан надоранд. Сарфи назар аз он, ки касали қанд аст, дарди меъда дорад ё рӯда, табибҳои ҳозиқ агар гӯянд, ки барои ҳамин одам рӯза доштан мумкин нест, рӯза нагирад. Бемороне, ки рӯза намедоранд, бояд ҳар рӯз ба миқдори садақаи фитр садақа кунанд.

 

-Кӯдаки ширмак дорам ва ҳомиладорам. Рӯза надорам гуноҳ намешавад?

Мавҷуда аз ноҳияи Ҳисор.

 

-Гунаҳгор намешавед. Зане, ки кӯдаки ширхора дорад, агар шираш ба кӯдакаш нарасад (шир аз ѓизо пайдо мешавад) ва занҳои ҳомилае, ки гирифтани рӯза боиси вайрон шудани саломатии худу фарзандашон мегардад, метавонанд рӯзаашонро хӯранд ва баъди он ки аз ин вазъият баромаданд, рӯзаи қазоӣ доранд.

 

-Агар одам дар моҳи Рамазон се рӯз бе узр рӯзаашро хӯрад, ҳатман 6 моҳ рӯзаи каффорат гирифтанаш лозим меояд?

Аслам, шаҳри Панҷакент.

 

-Аллома Қозӣ Саноуллоҳ дар китоби «Мо лобуда минҳу» чунин овардааст: «Агар дар як Рамазон рӯзаи чандрӯзаро фосид кунад, дар сурате, ки барои рӯзи аввал ё дуюм каффорат надода бошад, барои ҳамаи рӯзҳо як каффорат кофист. Агар каффорат аз ду Рамазон лозим бошад, каффорати ҳар Рамазонро ҷудогона мепардозед.»

Ба саволатон ҷавоб чунин аст, ки шахси чанд рӯзи Рамазонро хӯрда бояд 60 мискинро таъом диҳад ё пайиҳам ду моҳ рӯза дорад. Ин каффорат аст, илова бар ин бояд 3 рӯз рӯзаи қазоӣ дорад.

 

-Шахсоне ҳастанд, ки 11 моҳ намоз намехонанду дар моҳи Рамазон намозхон мешавад. Намози чунин ашхос қабул мешавад?

Идибек, ноҳияи Ваҳдат.

 

-Ба шарофати моҳи шарифи Рамазон бетавфиқтарин одам ҳам рӯй ба намоз меорад ва ба масҷид меравад. Шахсе, ки дар ин моҳ дар дилаш хоҳиши ба масҷид рафтан пайдо мешавад, бигзор равад. Худо дар дили бандааш меҳр меандозаду аз пайи саҷдаву намоз мегардад.

 

-Мегӯянд, ки дар моҳи шарифи Рамазон касе вафот кунад, рост ба ҷаннат меравад, ин гап рост аст?

Фотима, шаҳри Душанбе

-Бузургворе дар ин бора гуфтааст:

«Парвардигоро маро марг диҳӣ, қабул дорам, агар зиндагонӣ диҳӣ, онро низ қабул дорам. Марг диҳӣ, марги боимонам деҳ, рӯзи одинаву моҳи Рамазонам деҳ.» Марге, ки бо имон бошад хуб аст, вале беимон бошад, сагҳо низ дар моҳи шарифи Рамазон мемуранд. Худованд ба ҳама бандагонаш марги боимон диҳад.

 

-Пас аз Рамазон тӯйи арӯсӣ дорам. Дар байни ду ид никоҳ кардан дуруст нест мегӯянд, Шумо ба масъала чӣ назар доред?

Нигора, ноҳияи Шаҳринав

 

-Раво набудани никоҳ дар байни ду ид дурӯѓ ва бофтаи мардум аст. Бемалол тӯй кардан гиред. Ба хурофот дода нашавед.

 

-Ба пиво сахт одат кардаам. Пиво нӯшокии ѓайри алкоголӣ ба ҳисоб меравад. Дар ифтор пиво нӯшам, рӯзаам фосид намешавад?

           Бахтиёр, аз ш. Душанбе

 

-Пиво гуфта оби ҷавро мегӯянд. Оби ҷаве, ки градус ё ҳарорат надорад ва дар зарфаш “ѓайриалкоголи” буданаш дарҷ гашта бошад, нӯшиданаш боке надорад. Ҳамин гуна маҳсулот аз Эрону Покистон ва Дубай меояд. Пивое, ки ҳатто як градус алколог дорад, нӯшиданаш ҳаром аст!

 

 

-Таровеҳи мардон аз таровеҳи занҳо фарқ дорад?

Дилбар, ноҳия Мастчоҳ

 

-Занҳо ҳам 20 ракат намози таровеҳ мехонанд. Фарқият танҳо дар он аст, ки имоми занҳо дар мобайн меистад.

 

-Мехоҳам савобҳои рӯзадориро аз забони Ҳоҷӣ Мирзо шунавам.

Ҳасан Ниёзбоқиев, ноҳияи Айнӣ, деҳаи Похут.

 

- Рӯза гирифтан фоидаҳои фаровон дорад. Рӯза инсонро ба сабр кардан одат медиҳад ва дарси парҳезкориву тақводориро меомӯзад. Одами рӯзадор Худовандро ҳозиру нозир ва барои ризои Офаридгор аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ карда, савоби фаровон мегирад. Дар Рамазон шарру фасод кам мешавад. Рӯзадорӣ боиси покизагӣ ва тақвияти узвҳои ҳозима мегардад. Тӯли рӯз гуруснаву ташна гаштан, ҳамчунин, боиси обшавии равѓани зиёдатии бадан мегардад. Мувофиқи ҳадиси Расули Акрам (с) касе ки ба рӯзадоре таом диҳад, монанди он рӯзадор савоб хоҳад гирифт. Абӯубайда (р) мефармояд: «Ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки рӯза сипар аст. Бо воситаи сипар инсон дар вақти муқобила бо душман аз зарби ӯ эмин мемонад ва ҳамчунин, ба воситаи рӯза инсон аз бадии шайтонҳо ва оташи дӯзах эмин мемонад. Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (С. С.) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки «Райён» ном дорад. Рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд.

 

 

-Марде, ки дар масҷиди панҷвақта ба эътикоф (гӯшанишин) нишастааст, метавонад, барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ равад?

Акбари Аскар, ноҳияи Айнӣ

 

-Дар даҳ рӯзи охири Рамазон дар масҷид эътикоф нишастан суннат аст. Касе эътикоф бишинад, барояш беҳуда аз масҷид баромадан ҷоиз нест. Танҳо барои қазои ҳоҷат, вузӯ, ѓусл ва хондани намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ метавонад, аз масҷиди маҳалла берун барояд. Баробари тамом шудани намоз бояд ба масҷиди худаш баргардад. Агар дар масҷиди ҷумъа баъди намоз таваққуф кард, эътикофаш фосид мешавад. Камтарин муддати эътикоф нишастан аз назари Имоми Аъзам (р) як рӯз аст ва дар даҳаи охири Рамазон як рӯз ҳам дар масҷид истодан эътикоф ҳисоб меёбад. Ҳангоми эътикоф нишастан, шахс метавонад, дар масҷид ѓизо хӯрад (шому саҳархӯрӣ) ва бихобад.

 

-Шунидам, ки дар моҳи Рамазон Худованд тамоми дуоҳоро мустаҷоб мегардонидааст. Шунидаам то куҷо ҳақиқат дорад?

Сӯҳроб, сокини н. Рӯдакӣ.

-Дуои одами рӯзадор мустаҷоб мешавад. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?»

Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард:-Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад ва ман ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.

 

-Ба касоне, ки рӯза намегиранд, фардои қиёмат Худованд чӣ ҷазоро раво мебинад?

     Мастура, донишҷӯ.

 

-Рӯза надоштан дар қатори намоз нахондан, зино кардан, падару модарро ҳурмат накардан аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Касе, ки ин гуноҳро содир мекунад, дар пешгоҳи Парвардигор фардо мавриди иқоб қарор мегирад. Азизони Худо мегӯянд:

Надорӣ тоқати як захми сӯзан,

Наметарсӣ чаро аз сӯзи гулхан?

Худованд онҳоеро, ки муртакиби гуноҳи кабира мешаванд, азоби алим мекунад. Инсон бояд худаш хулоса барорад: ман, ки тоқати як хори дар поям халидаро надорам, ба ҷазои Худованд чӣ гуна тоқат хоҳам кард?!

 

-Касе, ки шаби қадр бедор мешинад, аз кадом амал савоби зиёд мегирад?

Абдуваҳоб аз деҳаи Ворухи Исфара.

-Дар шаби қадр намозҳои нафл хондан, тиловати Қуръон кардан, шунидани амри маъруф, зикру дуо кардан савоб аст. Ибни Аббос (р) ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе дар шаби қадр ду ракаъат намоз хонад ва дар ҳар ракаъате баъд аз сураи «Фотиҳа» 7 маротиба сураи «Ихлос» хонда, баъди салом 70 бор «Астаѓфируллоҳи раббӣ ва атубу илайҳ» гӯяд, ҳанӯз аз ҷой барнахоста бошад, ки Худованд ӯрову падару модарашро маѓфират кунад. Он банда то ҷойи худро дар биҳишт набинад, аз дунё намеравад.

 

-Чанд рӯз пеш зан гирифтам. Ҳоло арӯсу домоди навем ва ба якдигар шавқу раѓбати зиёд дорем. Арӯсамро бӯса кунам, рӯзаам намешиканад?

Меҳрубон, сокини ш. Душанбе.

 

-Шаҳвати ҷавон аз шаҳвати пиронсол фарқ мекунад, бинобар ин, беҳтар мешавад, ки ҷавонмардон дар моҳи Рамазон рӯзона ба занҳояшон на дастдарозӣ кунанд ва на бӯсобӯсӣ намоянд. Шабона, то субҳдам бӯсаву меҳрварзиро шариат манъ накардааст, ҳар қадар меҳрубонию навозише, ки мехоҳед, то дамидани субҳ кунед.

 

 

-Устоям ва дар зери офтоби тафсон дар сохтмон кор мекунам. Рӯзаро дар фасли зимистон гирам, қабул мешавад?

Фаррухрӯз, сокини ноҳияи Вахш.

 

-Бародарони усто агар “ман дар зери офтоб кор мекунам” гуфта рӯзаро хӯранд, дар назди Худованд гунаҳкор мешаванд, чунки дар шариат ин узр ҳисоб намешавад. Дар ин моҳи муборак беҳтараш аз корҳои сохтмонӣ истироҳат намуда, рӯза доред ва ба хондани Қуръон машѓул шавед, то савоб бигиред. Як моҳ барои Худо кор кунед, албатта баракаташро дар ёздаҳ моҳи дигари коратон мебинед.

 

Савдогарам ва ташвишам хеле зиёд аст. Соле фақат як моҳ дар давраи Рамазон намоз мехонам. Ҳамсояам маро «Дузди намоз» мегӯяд ва муътақид аст, ки намози маро Худованд қабул надорад. Дар Рамазон ҳам намоз нахонам?

Меҳриниссо, савдогари бозор.

 

-Дар ҳақиқат касонеро, ки фақат дар моҳи Рамазон намоз мехонанд ва онҳоеро, ки гоҳ намоз мехонанду гоҳ намехонанд, ба истилоҳи тоҷикӣ “дузди намоз” мегӯянд. Намозе, ки қадру манзалат оварда, дар қиёмат дастгир мешавад, ин гуна намоз нест. Ин ба монанди ҳамоне аст, ки кас вақте аз пову пар мемонад, баъд ба тоату ибодат рӯ меорад ва ба масҷид меравад. Ин гуна ибодат аз рӯйи шавқу раѓбат ва тавфиқ набуда, аз ноумедӣ аст. Кас бояд ҳама вақт намоз хонад.

 

 

амозҳоямро мехонам, рӯза медорам, боз чӣ кор кунам, ки савоб гирам?

Оқилҷон Нозиров, шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ.

 

- Дар як ҳадис омадааст, ки ба зимаи ҳар мусулмон як миқдор садақа додан зарур аст. Расули Акрам (с) ҳамеша дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсони зиёд мекарданд. Шахсе арз намуд:

-Эй Расули Худо (с) касе мол надошта бошад, чӣ кор кунад?

Расули Худо (с) фармуданд:-Бояд ба даст меҳнат карда, ҳам зарурати худро бароварда созад ва ҳам садақа намояд.

Нафаре пурсид:-Эй Расули Худо (с), агар касе узр дошта бошаду меҳнат карда натавонад-чӣ?

Расули Акрам (с) гуфтанд:-Бояд ҳоҷати мусулмонеро барорад, ки ин ҳам садақа аст.

Боз шахсе пурсид:-Эй Расули Худо (с), агар инро ҳам натавонад-чӣ?

Расулуллоҳ (с) фармуданд:-Сухани нек гӯяд… Агар инро ҳам натавонист, ба касе зарар нарасонад, ки барои ӯ ин ҳам садақа аст.

Бояд садақаву эҳсон аз моли ҳалол карда шавад. Худованд садақаеро ба даргоҳаш қабул мекунад, ки ҳалол бошад.

Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: «Касе ки моли ҳаромро садақа кард, гӯё либосашро пок мекунад ва он либос бе об пок намешавад. Гуноҳ ҳам бе моли ҳалол бахшида намешавад!»

Дар ин моҳи муборак ибодати нафл баробари фарз савоб аст. Савоби фарз 70 дараҷа зиёд мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД