arzon replenishment
Ҳоҷӣ Дӯстмурод Шарипов: Аз корҳои кардаам шарм медорам!
1182


Тавофи Каъба яке аз рукнҳои асосии дини мубини ислом буда, ҳар як фарди мусалмон орзу мекунад, ки ақаллан як маротиба дар зиндагӣ “Хонаи худо”-ро зиёрат кунад, аммо шарафи ҳаҷ кардан ва номи хеле мубораки “ҳоҷӣ”-ро гирифтан на ба ҳар шахс муяссар мегардад.

Хушбахтона ба наздикӣ ба ҳунарманди ҷавону шинохтаи тоҷик Дӯстмурод Шарипов муяссар гашт, ки тавофи хонаи Каъба намуда, номи баланди “Ҳоҷӣ Дӯстмурод”-ро сазовор гардад....
Аслан ҳадаф аз зиёрати Каъба танҳо анҷом додани қарзи мусалмонии худ ва гирди санги муаллақ гаштану номи “ҳоҷӣ”-ро гирифтан нест. Мақсад аз ҳаҷ кардан пок шудан аз гуноҳ, аз худ дур кардани шайтон ва минбаъд як зиндагии ори аз гуноҳ ва покиза ба сар бурдан аст. Зоирин дар “Хонаи Каъба “барои кулли хато ва гуноҳҳои дониставу надониста содир кардаи худ тавба намуда, пас аз ҳоҷӣ шудан бояд ҳаёти худро куллан тағйир диҳанд ва як зиндагии омузандаву шоиста ба сар баранд.


Тавофи Каъба дар ҳаёти Ҳоҷӣ Дӯстмурод чӣ дигаргунӣ ворид намуд?

Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо ба ҳунарманди ҷавону шинохта Дӯстмурод Шарипов занг задем.
-Дӯстмурод, бахти бузурги шарафёб гаштан ба тавофи Хонаи Каъба ва сазовор гаштан ба номи “Ҳоҷӣ” барооятон муборак бошад!
-Ман пеши худованди меҳрабон ҳазорон бор шукрона мекунам, ки зиёрати Қаъбаро насибам гардонид, зеро шояд миллионҳо муслимин солиёни сол дар орзуи тавофи “Хонаи Худо” ҳастанд ва то кунун ба муроди дилашон нарасидаанд.
-Воқеан, ду соли охир бо сабаби пандемияи коронавирус аксари мусалмонон наметавонанд ба зиёраи хонаи худо раванд. Ба шумо чи тавр муяссар гашт, ки сафари ҳаҷ намоед?
-Албатта ҳар як одами мусалмон дар кунҷи дилаш орзу дорад, ки тавофи Хонаи Худо кунад, вале росташро гӯям, ман ҳанӯз нақшаи ҳаҷ кардан надоштам. Аниқтараш боварӣ надоштам, ки ин кор ба осонӣ бароям даст медиҳад, вале худованд худаш мӯъҷиза нишон дод ва ҳамин тавр шуд, ки дар байни як моҳ масъала ҳал шуда, ба зиёрати Қаъба шарафёб гаштам.
-Худованд шуморо дӯст медоштааст, ки ба осонӣ зиёрати хонаи худо насибатон гаштааст!
-Аллоҳ меҳрубон аст ва тамоми бандагонашро дӯст медорад, ин мо, бандагони бехабар ҳастем, ки баъзан аз паси майда-чӯйдаҳои дигари зиндагӣ давида, фармудаҳои Парвардигори оламро, ки тамоми нозу неъматҳои дунёро бароямон насиб гардонидааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ месупорем...
-Аз суханонатон ҳувайдост, ки зиёрати Хонаи Каъба ба мафкураи шумо таъсири хеле муассир гузоштааст...
-Бале, ман ҳамчун Дӯстмурод-Дон-Жуан ба ҳаҷ рафта будам, вале аз он ҷо тамоман одами дигар шуда баргаштам. Нигоҳам ба зиндагӣ баъди тавофи хонаи худо комилан дигар шуда, дунёро бо чашми сар не, балки бо чашми ақл ва бо чашми дил медидагӣ шудам.
-Дар як муроҷиати видеоии худ ба мухлисонатон шумо изҳор кардед, ки дигар масхарабозӣ намекунед...?
-Бале, ҳанӯз дар Хонаи Қаъба ман азм кардам, ки дигармасхарабозӣ намекунам ва дар қавли худ усутвор монда, аллакай корро дар сирк ба пуррагӣ бас кардам.
-Чаро? Магар ҳоҷӣ шудан ба кори шумо халал мерасонд? Дигар ҳунармандон баъди зиёрати хонаи худо ҳам фаъолияташонро идома медиҳанд-ку...
-Барои дағалӣ узр мепурсам,вале вақтҳои охир маймунбозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда, шумораи маймунбозҳо афзудааст. Ҳаҷв як санъати бисёр нозук, мисли як гавҳар, мисли як дурдона аст, аммо солҳои охир онро ба сатҳи кӯчагӣ фароварда, бе қадр карданд. Хаёл мекунанд, ки маймунбозӣ кардану бо гапҳои дағал мардумро хандондан ҳаҷв аст. Ба хотири “просмот” чизе, ки аз даҳонашон барояд, хоҳ ҳақорат аст, хоҳ дашном ё дигар рафтори ноҷои аз доираи одобу ахлоқ берун мегуфтанд ва мекарданд. Ростӣ, баъзан дар қатори ҳамон маймунбозҳо номи маро ҳам мегирифтанд ва аз ин бисёр аламам меомад. Аз ҳамоин хотир қарор додам, ки дигар масхарабозӣ намекунам.
-Назари худи шумо дар бораи филм ва саҳначаҳои қаблан офаридаатон чи гуна аст?
-Гуфта наметавонам, ки офаридаҳои мо ҳамааш бад ё баръакс ҳамааш олиҷанобанд, чунки ягон кор бе камбудӣ намешавад. Аз баъзе корҳои кардаам имрӯз шармам меояд, вале чизҳои хуб низ буданду ҳастанд...
-Пас чаро тарки санъат карданиед?

Фируза редактор тсел, [26.03.2022 12:14]
-Дигар масхарабозӣ намекунам гуфтанӣ ман чунин маънӣ дорад, ки минбаъд бо занону духтарон дар ҳар хел саҳнаҳо нақш намебозам ва дар филму намоишномаҳои ии каммазмун иштирок наменкунам. Самти фаълиятамро каме тағйир доданӣ ҳастам ва мехоҳам минбаъд фақат филмҳои тарбиявӣ ба навор бигирам. Филмҳои пурмаъное, ки инсонро ба андеша кардан водор созанд, мафкураи тамошобинон, хоса насли ҷавонро дигаргун сохта тавонанд ..
-Дар ояндаи наздик чӣ нақшаҳо доред?
-Бо инояти Парвардигор қадамҷойи бузургон, тамоми мазорҳо ва ҷойҳои таърихии Тоҷикитсонро зиёрат карданиям
-Корро дар сикр бас кардам гуфтед. Зиндагиатонро чӣ хел пеш мебаред? Ягон манбаи дигари даромад доред?
-Худованд ягон бандаашро бе ризқу рӯзӣ намегузорад. Шукри худ наворҳое, ки дар ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, каму беш даромад оварда истодаанд. Боварӣ дорам, ки бо меҳнати ҳалол барои худ ва аҳли хонаводаам як луқма нон ёфта метавонам.
-Назари пайвандонатон ба ҳоҷӣ шудани шумо чи гуна аст?
-Аҳли хонавода бениҳоят хурсанданд, ки худованд шарафи зиёрати Хонаи Каъбаро ба ман барин як бандаи хокиаш насиб гардонидааст ва баъди ҳоҷӣ шудан 90% одами дигар шудаам.
-Дӯстмурод аз чандсолагӣ намоз мехонеду рӯза медоред?
-аниқ гуфта наметавонам, ки намозу рӯзаро аз чандсолагӣ сар кардам, вале дар ёд дорам, ки хеле хурд будам ва ҳар гоҳ, ки падарам ҷойнамоз паҳн карда, сари ибодат менишастанд, ман ҳам ҳаторат карда, аз паси он кас намоз мехондам.
-Ҳолатҳое буданд, ки ба хотири кор, ба хотири саҳна ва санъат тарки намозу рӯза карда бошед...?
-Албатта буданд. Ҳолатҳое мешуданд, ки аз ҷавонию хомӣ моҳҳо қарзи худро дар назди парвардигор фаромӯш карда, на намоз мехондем ва на рӯза мегирифтам, вале барои ҳамаи гуноҳҳои дар зиндагӣ дниставу надниста содирк ардаам ман дар Хонаи Худо дар пешгоҳи Худованди меҳрабон бахшиш пурсида, сидқан тавба кардам. Умедворам, ки минбаъд худованд шайтонро аз ин бандаи хокиаш дур карда, барои як зиндагии покиза ба сар бурдан ба ман ёрӣ мерасонад.
-Дӯстмурод барои ин сӯҳбати ошкоро ва самимӣ як ҷаҳон ташаккур. Дуо мекунем, ки худованд дасти меҳру шафқати худро ҳаргиз аз сари шумо ва аҳли хонадонатон дур насозад ва ҳамеша дар сояи муҳаббати офаридгор бошед!
-Ташаккур! Ман ҳам ба мухлисонам тани сиҳат ва зиндагии осуда таманно намуда, дуо мекунам, ки худованд зиёрати Хонаи Каъбаро насибашон гардонад. Омин!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД