Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, донишноманавис ва таърихнигори шинохтаи кишвар, ки сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик буд, рӯзи 1-уми декабр ба нафақа равон карда шудааст. Дар ин бора Энсклопедияи миллии кишвар хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ба ҷои Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо фармони вазири фарҳанг Саидҷалол Ҳусайнӣ, таърихшинос ва номзади илмҳои таърих сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик таъйин гардидааст.
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, ки бо номи мустаори Ибни Қурбон ҳам маъруф аст, аз соли 2012 дар ин вазифа кор мекард. Ӯ номзади илмҳои таърих, барандаи ҷоизаи байналмилалии Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.