formula
Нурмагомедовро дар беморхона бистарӣ намуданд
9999


Тибқи иттилои расонаи хабарии РИА Новостии Федератсияи Россия бо иқтибос ба дусти оилаи Нурмагомедовҳо Убайдулло Усмонов хабар медиҳад, ки саломатии падари размовари маъруфи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов Абдулмумин Нурмагомедов вазнин гардидааст. 

Иттилоъ меравад, ки қиблагоҳи Ҳабиб Нурмагомедовро шоми 3-уми май ба беморхонаи шаҳри Москва бистарӣ карда шуд. Бо ҳавопаймои махсус Абдулмумин Нурмагомедовро бо аломатҳои бемории қалб аз Доғистон ба шаҳри Москва овардаанд. Қаблан Нурмагомедови 57-соларо бо аломатҳои бемории дунёгири тоҷвирус 25 апрел ба беморхона бистарӣ намуда буданд. Аммо бадан саломатиашро хубтар ҳис намуда, аз беморхона ба хона бистари гардида буд.

 


Бояд иттилоъ дод, ки Абдулмумин Нурмагомедов ҳамчун мураббӣ на танҳо писари номоварашро ба воя расонида аст, балки дар тарбияи ӯ дигар размоварон аз қабили Ислом Махачев, Абубакр ва Умар Нурмагомедовҳо тамрин ёфтаанд. Ҳамчун варзишгар бошад ӯ ба унвони қаҳрамони Украина дар намуди варзиши самбо ва ҷудо ноил гардида буд. Дастпарварони Абдулмумин ба қуллаи қаҳрамони ҷаҳон дар самбои муҳорибавӣ низ ноил шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД