Ҳамасола дар Рӯзи поси хотири онҳое, ки бар асари ВНМО/БПНМ аз олам даргузаштаанд, миллионҳо афроде дар саросари ҷаҳон шамъ меафрӯзанд - на танҳо ба хотири беш аз 40 миллион нафаре, ки қурбони эпидемия шудаанд, балки ҳамчун рамзи инсондустӣ, ҳамдардӣ ва умед ба ояндае, ки аз БПНМ озод аст.
Имрӯзҳо мо дар нуқтаи сарнавиштсоз қарор дорем: пешрафт дар мубориза бо ВНМО воқеӣ, аммо ноустувор аст. Ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва маблағгузории устувор - на танҳо як уҳдадории маънавӣ, балки ягона роҳи воқеии бартарафсозии эпидемия мебошанд. Ҳар як долларе, ки аз барномаҳои ВНМО коҳиш дода мешавад, маънои сироятҳои нави пешгиришаванда, ҷони аздастрафта ва пасгардӣ дар дастовардҳои бо мушкилиҳои зиёд бадастомадаро дорад.
Пешрафт таҳти хатар қарор дорад
Даҳсолаҳои дастовардҳои илмӣ, фаъолияти ҷомеа ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои бисёриҳо ВНМО-ро аз як ҳукми марг ба бемории идорашаванда табдил доданд. Дар саросари ҷаҳон аз соли 2010 шумораи сироятҳои нав 38% коҳиш ёфтааст ва айни замон 30 миллион нафар ба табобати наҷотбахш дастрасӣ доранд. Аммо ин пешрафт яксон нест. Масалан, соли 2023-юм 1,3 миллион нафар ба ВНМО сироят ёфтанд ва 630 000 нафар аз бемориҳои вобаста ба БПНМ фавтиданд - аксари онҳо дар ҷомеаҳои канорамонда, ки дар онҳо нобаробарӣ, камбизоатӣ ва системаи нокифояи тандурустӣ ҳукмфармост.
Имрӯз, вокуниши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВНМО намунаи қувваи ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва маблағгузории самаранок мебошад. Аз соли 2020 маргумир, марбут ба ВНМО, ду баробар коҳиш ёфтааст ва сирояти аз модар ба кӯдак аз 2,6% дар соли 2018 то 0,8%: дар соли 2024 танҳо як ҳолати сироят аз модар ба кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Бо шарофати ҳамкориҳо бо PEPFAR, Хазинаи глобалӣ ва ЮНЭЙДС, арзиши табобати як шахс дар як сол ба 65 доллар баробар шудааст, ки ин нисбат ба солҳои гузашта 250 маротиба кам ва хунгузаронӣ дар кишвар беш аз 22 сол инҷониб аз сирояти ВНМО бехатар мебошад.
Аммо, ҳатто чунин дастовардҳои назаррас низ заиф мебошанд. Бо вуҷуди он ки 37% буҷаи Барномаи миллии ВНМО-и Тоҷикистон аллакай аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ таъмин мешавад, аз он ҷумла барномаи пешгирии сирояти модар ба кӯдак пурра аз буҷаи давлат дастгирӣ мешавад, то ҳол, 60% Барномаи миллӣ аз манбаъҳои беруна вобаста аст. Дар ин ҳолат, қатъ гардидани маблағгузории берунӣ мусибатовар аст: ҳатто коҳиши ночизи маблағгузорӣ (10-20%) боиси 135% афзоиши сироятҳои нав ва 4,8% маргумир гардад, ки дастовардҳои чандинсоларо зери хатар мегузорад. Ноустувории маблағгузорӣ метавонад ба қатъ шудани барномаҳои пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин оварда расонад. Ин вазъият метавонад бо назардошти мушкилоти решаҳои амиқдоштаи тамға ва табъизи доимӣ ва пешбинии ҷазо барои интиқол ва сирояти ВНМО, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд ва талошҳои тандурустии ҷамъиятӣ халалдор мешавад, ба таври назаррас бадтар шавад. Дар шароити муқаррар занону кӯдакон махсусан осебпазиранд.
Роҳхаритаи вокуниши устувор ба ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки хотима бахшидан ба БПНМ имконпазир аст - аммо танҳо дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъдаҳои худро иҷро кунад. Бе сармоягузории мунтазами дохилӣ ва хориҷӣ ва бе иродаи сиёсӣ, муваффақиятҳои бадастомада метавонанд барбод раванд ва ҷони одамонро зери хатар монанд.
Ҳамбастагӣ - дар амал
Аз рӯзҳои аввал, мубориза бо ВНМО далели тавоноии инсоният дар амалҳои ҳамбаста мебошад. Амалҳои якҷояи фаъолони ҷомеа, ки дастрасӣ ба табобатро талаб мекарданд, бо ҳукуматҳо ва маблағгузороне, ки Хазинаи Глобалӣ ва PEPFAR-ро дастгирӣ менамоянд, ҷони одамонро наҷот доданд ва дода истодаанд. Имрӯз мо ҳамбастагии глобалӣ, ин таҷриба ва амали гаронро набояд аз даст диҳем. Маҳз дар ин лаҳза, дар замоне, ки расидан ба ҳадафи асосӣ - хотима бахшидан ба БПНМ то соли 2030 - имконпазир шудааст, вокуниши ҷаҳонӣ ба ВНМО, аз ҷумла дастовардҳои кишварҳо, таҳти хатар қарор доранд.
Даъват барои фурӯзон кардани шамъи умед
Дар ин Рӯзи ёдбуд, биёед баҳри ояндаи афроди башар поси хотири гузаштагонро эҳтиром намоем. Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи шарикон - ҳукуматҳо, маблағгузорон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамояд, ки уҳдадориҳои худро боз тасдиқ намоянд. Давлатҳо бояд сармоягузории худро ба соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ афзоиш диҳанд. Маблағгузорони хусусӣ ва тиҷорат бояд нақши фаъолтар бозанд. Ва ҳар шахс метавонад саҳми худро гузорад - бо роҳи хайрия, фаъолият ва ёдбуд. Хотима бахшидан ба БПНМ имконпазир аст, аммо танҳо вақте, ки мо ҳамагон шуълаи ҳамбастагиро нигоҳ медорем.
Дастраси ба ин ҳадаф пешбарии сиёсӣ ва сармоягузории устуворро талаб мекунад. Мо бояд стратегияҳои муассирро васеъ намоем: хидматрасониҳои аз ҷониби ҷомеаҳо роҳбаришаванда, коҳиши зарар, пешгирии қабл аз алоқа (PrEP) ва дастрасии умум ба табобат. Мо бояд сармояро ба навовариҳо, ба баробарӣ ва ба системаи устувор ва фарогири тандурустӣ равона намоем.
Биёед кӯшиш сарф намоем, ки муваффақиятҳои ҷаҳонӣ дар мубориза бо ВНМО дастоварди умум шаванд: барои ҳамагон ва дар як кунҷи дунё, барои ҷаҳони ояндаи озод аз БПНМ.