arzon replenishment
Нозукиҳои нигоҳубини рӯй дар гармои шадиди тобистон
1188

Дар фасли тобистон арақ аз сару рӯйи кас ҷорӣ мешавад, либос ба бадан мечаспад, ороиш об шуда мерезад. Барои он ки чунин ҳолат рӯй надиҳад ва дар гармии тобистон пӯст зебову организм солим бимонад, чӣ бояд кард?

Дар ҳавои гарми тобистон дар як шабонарӯз то 2 литр оби маъданӣ нӯшидан лозим аст, бар замми ин, шумо бояд пӯсти худро намнок нигоҳ доред. Дар баробари оби маъданӣ кӯшиш кунед чойи сабз (вобаста ба вазъи саломатӣ), афшураи мевагӣ ва коктейл нӯшед. Пайваста оби соф нӯшида, пай мебаред, ки пӯстатон чӣ гуна тоза, дурахшон ва зебо мешавад. Аммо аз нӯшидани обҳои газнок худдорӣ кунед.

Дар рӯзҳои гарм бо худ ҳатман оби соф гиред. Вақте арақ кардед, рӯй, даст ва гарданатонро гоҳ-гоҳ нам кунед. Ин тавр шумо ҳам сабукиро эҳсос хоҳед кард ва ҳам пӯсти худро аз хушкшавӣ наҷот медиҳед.

Ҳангоми ба кӯча баромадан аз малҳамҳои муҳофизаткунанда аз нури офтоб истифода баред. Рӯятонро аз нурҳои офтоб муҳофизат карда, шумо пайдоиши доғҳоро пешгирӣ менамоед. Малҳам кумак мекунад, ки пӯсти рӯй намиро нигоҳ дорад.

Ғизои парҳезӣ дар тобистон ба нигоҳ доштани тавозуни муқаррарии пӯст мусоидат мекунад. Тавсия намедиҳем, ки пурра аз истеъмоли хӯрокҳои равғанӣ даст кашед, зеро набудани равған метавонад боиси хушк шудани пӯст гардад. Аммо, хӯрокҳои камравған ва меваю сабзавоти тару тоза ҷисми инсонро бо витаминҳои зарурӣ таъмин намуда, барои солим ва зебо мондан ёрӣ мерасонанд.

Ниқобҳо аз меваю сабзавот воситаи муфидтарин барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ва зебоии пӯст мебошанд.

Ба рӯятон даст нарасонед, зеро дар тобистон бактерияҳои зиёде ба дасти инсон мечаспанд ва бо арақи даст ҳар хел бемориҳо ба пӯсти инсон сироят карда метавонанд.

Вақте аз маводи ороишӣ (косметика) истифода мекунед, бинед, ки онҳо ҷузъҳои муҳофизаткунандаи офтобро дошта бошанд, зеро филтрҳои муҳофизатӣ пиршавии бармаҳали пӯстро пешгирӣ мекунанд.

Дар тобистон истифода бурдани тоникҳои спиртӣ ва лосон тавсия дода намешавад, зеро онҳо пӯстро хушк мекунанд.

Дар вақти гармӣ тозакунии мунтазами пӯст бояд ҳамчун қоидаи ҳатмӣ қабул карда шавад, зеро дар тобистон сӯрохиҳои пӯсти бадан ба ифлосшавӣ майл доранд. Реҷаи тозакунии пӯстро ҳар субҳ ва шом риоя кунед. Дар шаб малҳамҳои бо бодиринг омодашударо ба рӯятон молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД