Коргардони боистеъдоди тоҷик Носир Саид имрӯз бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Дар ин бора як манбаи наздик ба ин ниҳод бо шарти ифшо нашудани номаш хабар дода, гуфт: “Нуриддин Саид бо қарори ҳукумат аз вазифа сабукдӯш гашта, ба ҷояш Носир Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шудааст. Ба ҷойи Носир Саид Садриддини Шамсиддин директори ТВ “Сафина” таъин гаштааст”.
Вазифаи нав гирифтан ё нагирифтани Нуриддин Саид маълум нест, вале ба ҷойи Садриддини Шамсиддин акнун ТВ “Ҷаҳоннамо”-ро Соҳибназар Ғоиб роҳбарӣ мекунад, ки пештар дар вазифаи директори ТВ “Хатлон” фаъолият менамуд.
Носир Саид аз ҷумлаи кадрҳои хеле пурарзиши соҳаи телевизион ва синамо ба шумор рафта, таҷрибаи бойи коргардонӣ дорад. Мавсуф қаблан бо киностудияҳои машҳури Русия ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ дошт ва филмҳояш дар ҷашнвораҳои бонуфузи байналмилалии синамо сазовори ҷоизаҳои зиёде гаштаанд. Интизор меравад, ки ба вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани шахсияти арзандае чун Носир Саид ҷаҳиши ҷиддиеро ба вуҷуд оварда, Телевизиони Тоҷикистонро ба сатҳи дигар мебардорад.