Arzon march 2024
"Ношинос" рӯи саҳна омад
574

Театр оинаи зиндагист. Дар саҳнаи он ҳар гуна ҳолате, ки ба намоиш гузошта мешавад, аз саргузашти инсонҳо гирифта мешавад, ки ҳангоми диданашон гоҳ механдему гоҳ ашк мерезем.

Дирӯз дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи асари Владимир Зайкин намоишномаи “Ношинос 32” дар таҳияи саркоргардони театр Қамариддин Мирзоев ба саҳна гузошта шуд. Дар он Заррина Бадалова симои Ануша, Абдулмумин Шарифӣ портрети Пӯлодов, Фаридун Раҷабов нақши Сорбон ва Марҳабо Файзиева образи Ношиносро офариданд.

Намоишнома чунон муҳтавои хуб дошт, ки аҳли нишаст ҳама диққати худро ба саҳна дода, баъди ба охир расидан беист кафкубӣ мекарданд.

Заррина Бадалова, офарандаи симои Ануша, дар бораи ҳадафи ин намоишнома гуфт, имрӯз тамоми ҷаҳонро техника фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, дар байни инсонҳо меҳру муҳаббат, инсоф, виҷдон ва эҳтироми инсон гум шудааст. Тибқи сюжети асар вақте ишқ ба замин меояд, аз ин се тан аз беинсофон яке мехоҳад фурӯшаду соҳиби пулу мол шавад, дигаре мехоҳад ба воситаи ишқ дар байни мардум маҳбуб гардад ва нафари сеюм мехоҳад аз ин ишқ маҳлулеро, ки ба ӯ лозим аст, гираду дар кори илмии худ истифода барад.

“Ҳадафи ҳар сеи ин одамон ба мақсади худ расида, соҳиби пулу мол гаштан аст. Чун ҳадафи ҳар се нопок буд, дар охир ба мақсад нарасиданд. Ишқ, ки пок асту меҳру муҳаббати самимии Илоҳӣ, аз байни ин ҳар се одамони нопоку бадтинат меравад.

Мо бо он сабаб ин намоишномаро пешкаши бинандагон гардонидем, ки бояд ба қадри инсоният, меҳру муҳаббат, самимият ва дӯстдориву ишқи пок расем. Тавре ки дар охири намоишнома гуфта шуд, ин ҷанги сеюми ҷаҳон аст. Ин ҷанг дорои одамкушиву хунрезӣ нест, вале инсонҳо аз ҳам дур гаштаанд, ки ин худ як ҷанг аст”, - гуфт ин ҳунарпешаи тоҷик.

Баъди анҷоми намоиш саркоргардони театр Қамариддин Мирзоев, ки ин саҳна бо коргардонии ӯ омода шуда буд, ба саҳна баромада, ба ҳамаи тамошобинон изҳори сипос карду ҳадафи онро шарҳ дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД