Arzon march 2024
Ношинос Қисми 1
2210

 

Маҳваш рӯ ба рӯи оина нишаста, ба симои кӯдаконаи худ нигоҳ мекард. Чашмони ба назар тангу симои ҷиддӣ дошт. Ду-се бор кӯшиш намуд, ба калонсолҳо худро монанд кунад: сурхаву сафедаи модарро, ки он ҳам аз як сурма, сафеда ва лабсурхкунак иборат буд, гирифта ба лабу лунҷаш молид.

Дар тасаввураш бояд ба духтархолаи ҳаждаҳсолааш, ки бениҳоят соҳибҷамол буд, монанд мешуд. Аммо ҳайҳот! Аз буда безебтар шуд. Рӯ ба рӯи оина ва чашм бар чашми худ нигариста, гиря кард. Барои он гирист, ки дилрабову дилфиреб ба назар намерасад ва боз... ӯро касе дӯст намедорад. Худ ба худ савол медод “Чаро Марям ин қадар зебост? Чаро ман мисли ӯ зебо нестам? Чаро ӯро ҳама дӯст медоранд, вале маро не?”

Бо ҳамин саволҳо оинаро як тараф гузошту рафта дасту рӯяшро покиза шуст ва омада чароғи хонаро хомӯш карда, ба ҷойгаҳаш даромад...

Маҳваш пештар ба ин чизҳо аҳамият намедод. Аслан ӯ парвои ба андешаи худаш “зиштрӯ” буданро надошт. Доим китоб дар даст аз пайи донишомӯзӣ буд. Ба одамон, ҳарчанд либосҳои худаш зебову озода буданд, аз рӯи либоспӯшиашон баҳо намедод. Аммо сабаби ба чунин фикрҳо овора шуданаш ҳамсинфаш Марям гашт. Аввалҳо бо Марям дӯст буданду ба қавле “бе ҳам об аз гулӯяшон намегузашт”, вале оҳиста– оҳиста аз ҳамдигар дур ва роҳҳояшон ҷудо гашт. Чанд рӯз пеш Марям ба ӯ гуфт, ки “дар рӯят нур надорӣ ва барои ҳамин ҳеҷ кас дӯстат намедорад, одамон ба ту аз нигоҳи аввал нафрат пайдо мекунанд...”

Ҳамин гап сабаб шуду Маҳваш озурдахотир гашт. Ҳикояҳое, ки дар бораи соҳибҷамолон хонда буд, акнун зуд-зуд ба ёдаш мерасиданд. Худро мехост ба яке аз онҳо монанд созад, аммо боз оина ҳама корро расво мекард. Воқеияте, ки чашмони ӯ медиданд, расвокунанда буд! Шояд ҳамаи ин ба дили кӯчаки духтарак сахт расида буд, ки дигар бо касе гап намезад ва бо андак баҳонае бо ҳамсолон ҷангӣ мешуд. Баъди ин ӯ аз чанд нафари дигар суханҳои таҳқиркунандаро нисбат ба симову ҷисми хурдакакаш шунид, ҳатто аз бародараш, ки бо шӯхиҳояш ӯро ба ҷон мерасонид. “Биният калон, бароят номи муносиб ёфтам- “Манқа” гуфтанҳои акояш дилтангаш мекард. Як моҳ гузашт. Маҳваш боз ба оина нигоҳ карда, “башараи хунук”-и худро дид. Ӯ дигар на танҳо ба атрофиён, ҳатто ба худаш ҳам нафрат дошт ва бисёр гиря мекард. Зиқ мешуд, дарун ба дарун ғам хӯрда торафт лоғартар мешуд...

Модар аҳволи духтарашро дида, ғам мехӯрд. Духтараки хандонрӯю китобхонаш дигар ханда намекард, доим парешон ба назар мерасид. Маҳваш мисли пештара китоб намехонд, бар замми ин, тундхӯю бадҷаҳл гашта буд. Ҳарчанд сабаби асабонияташро мепурсид, лек Маҳваш ҷавобе намегуфт. Ба ҷуз аз дуо дигар аз дасти модар коре намеомад.

Чунин ҳолат қариб як сол идома ёфт. Маҳваш аз ҷониби муаллимон низ гапшунав шуд. Баҳои паст мемонем гуфта, омӯзгорон таҳдид мекарданд, вале гӯё Маҳваш намешунид.

Як рӯз Марям як гулдаста дар даст ба синф даромада, рост ба назди Маҳваш омаду гуфт: “Ана дидӣ! Маро барои зебогиям дӯст медоранд ва туҳфаҳо меоранд. Ту чӣ? Китоб гуфта мегардӣ, ку як кас қадрата донад!”

Маҳваш худро дошта натавониста, аз остини Марям сахт кашид, мехост чизе гӯяд, вале остин ғижжӣ карда дариду ин моҷаро то ба гӯши маъмурият расид. Ҳангоми пурсупос ҳамсинфон тарафи Марямро гирифтанд ва Маҳвашро ҷазо доданд.

Маҳваш ба хона омад, болои ин ҳама модар низ барои кори дар мактаб кардааш ӯро танбеҳ дод. Духтарак пинҳонӣ боз гиря кард ва як коғази сафед гирифта, дар хати аввали он навишт: “Мактуб ба Худо”

Дар ин мактуб ӯ тамоми дарду аламашро ба Худо арз кард ва аз ҳама охир навишт “Агар ту дӯстам дорӣ, ёриям мекунӣ, агар не, пас ман дигар касе надорам, ҳатто туро!”

Мактубро қат карда, ба зери бағалаш андохт ва лаби наҳр рафта номаро ба даруни об партофт. Ба хона омада, чароғро хомӯш карда хобид, зеро аллакай шаб шуда буду аҳли хона ҳама хоб буданд.

Пагоҳии ҳамон рӯз либосҳояшро пӯшид ва ҷузвдонашро бардошта, ба мактаб рафт. Дар роҳрави мактаб писараке ба ӯ салом дод. Маҳваш ҷавоби салом дод ва ба писарак чашм давонд: чашмони калон-калони сиёҳ ва мӯйи ба қафо шоназадаи писарак Маҳвашро ба худ ҷалб кард. Дуру дароз ба ин чашмон нигоҳ кард. Худ ҳайрон буд, чаро? Баъди лаҳзае ба худ омада, хост роҳашро давом диҳад, вале боз зуд–зуд ба ақибаш нигоҳ карда ба писараки зебову ношинос менигарист.

Дарс тамом шуд. Фикри Маҳваш ба писараки ношинос, ки аз ин пеш надида буд, банд буд... Ӯ ҳатто пай набурд, ки чӣ тавр ба хона расида омад.

Рӯзи дигар ба умеди дидани “ношинос” барвақттар либосҳояшро ба бар карда ба мактаб рафт. Аз дари мактаб даромад ва боз... боз ҳамон писарак ба ӯ салом дод. Маҳваш бо тааҷҷуб аз писарак пурсид:

-Шумо дар мактаби мо мехонед?

Писарак табассум карда гуфт:

-Бале, як синф аз шумо боло.

-Пас, чаро ман шуморо намешиносам?-ҳайрати духтар афзуд.

-Вале ман шуморо мешиносам,- ҷавоб дод писарак ва сумкаашро бардошта, роҳӣ шуд. Маҳваш боз аз паси ӯ нигарист. Дурудароз нигарист.

Занги мактаб ӯро ба худ оварду ҷониби синфхона давид. Аз дугонааш Саодат дар бораи писараки ношинос пурсон шуд, вале Саодат исрор кард, ки ин хел бачаро надидааст:

-Гӯш кун, Маҳваш. Ман қариб дар бораи тамоми бачаҳои синфҳои болоии мактаб маълумот дорам, лек одами ту мегуфтагӣ нест, – зулфи ҷингилаи ба бари рӯяш хамидаро бо ангуштонаш печида, гуфт Саодат.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД