Arzon march 2024
Нони шӯ арра дорад! Қисми 2
1817

                               Ғамзада

Падараш аз ҳолаш хабар мегирифту ӯро ба хонаашон мебурд, аммо падараш ду рӯз бемор шуда, оламро падруд гуфт, беморияшро лахташавии хун гуфтанд. Баъди фавти падараш Раъною Одил ба хонаи модараш кӯчиданд, зеро модарро маризии қанд азоб медод.

Ғаму андӯҳи зиёд модарашро дар сари соли падараш аз олам бурд ва Раъною Барно бемутакко монданд. Одилҷон мисли бародар ба Барно меҳрубон буд, аммо ҷойи модару падарашро касе намегирифт. Акнун дар хонадони шавҳар ӯ беқадртар шуд, ҳамсараш Озар зан гирифт аз болояш.

Ӯ даъво накард, зеро медонист, ки ҷисми бе ин ҳам аз зарби муштҳои шавҳар осебдидааш маъюбтар мешавад. Ноҳияи онҳо дар наздикии пойтахт воқеъ асту тиҷорату офисҳои хусуру шавҳараш дар Душанбе буданд. Озар барои зани наваш, ки духтур будааст, дар Душанбе хона харид. Хушдоманаш се духтар ва се писар дошт, ду келини дигараш аз хешони худаш буданду барои онҳо дар Душанбе хона гирифта, арӯсонро рост ба хонаи худашон бурд.

Танҳо Барно дар ҳавлии боҳашаммат ҳамроҳи хусуру хушдоманш мезист ва ҳар шанбею якшанбе бо як по рост истода, дар хизмати ин оилаи калон буд. Фарзандонаш низ ӯро писанд намекарданд, духтараш ҳамеша бо бибияшон буду модарашро мисли чурӣ медонист, чизе бибияш гӯяд, гап ҳамон буд, бо тавсияи бибияш Нозия ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуд.

Писаронаш бошанд, дар як литсеи бонуфуз мехонданду шабона бо зани дуюми падарашон меистоданд. Озар дар як подезд ҳам барои писаронашу ҳам барои зани дуюмаш хона харид, писаронаш ҳам ба хотири пули падар зани дуюми ӯро оча мегуфтанд. Раъно аз аҳволи хоҳараш хун мехӯрд, ба бадзабонии хушдомани ӯ нигоҳ накарда, ба хабаргирияш мерафт, Барнои нозанин дар сини чилу панҷ ба кампираки аз дунё дилсарде монанд буд, рангу рӯяш ҳам зарду заҳир, бисёртар либосҳои кӯҳнаи хоҳаршӯй ва духтарҳояшро мепӯшид.

                              Эрка балои ҷон

Нозияро бибияш хеле эрка карда буд, Озар аз фармони модараш як қадам берун намемонд. То Нозия донишгоҳро хатм карда, ба кор надаромад, бибияш ризоят надод, ки ӯ ба шавҳар барояд. Баъди ду моҳи корияш ба вай як рафиқи падараш барои писари аз занаш ҷудо шудааш хостгорӣ омад.

Хушдоман, ҳатто аз Барно напурсид, ки ту розӣ ҳастӣ ё не? Ин кампири чизпараст медонист, ки рафиқи писараш бою бадавлат асту аз дори дунё як писар доранд, писараш бонкир, пулдор ва зебо буд. Зани аввалааш рашк мекардааст ва бо як писарча аз ӯ ҷудо шудааст.

Нозия Санҷарро дида буд ва розӣ шуд, ки зани ин ҷавони чорпаҳлӯи нозанин шавад. Падару модари Санҷар он қадар ҷиҳозе оварданд, ки даҳани ҳама во монд. Тӯй бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик дар тарабхонаи зеботарини пойтахт баргузор гашт, вале…

Рӯзи аввали арӯсӣ келинчак соати даҳ аз хоб хеста, дучори теғи нигоҳи хушдоман гашт. Ойбика гӯё махсус рӯй кати ҳавлии дуошёнаи зебо, ҳамроҳи чанд хешу табор менишаст. Нозия салом доду назди хизматгорзанак рафт, то ба ӯ ёрдам диҳад, аммо занаки хизматгор ӯро бо мулоиматӣ аз пешаш дур кард.

Исён рӯзи дигар баъди рафтани меҳмонон арӯсаки танбалро мунтазир буд, ки ин субҳ каме барвақттар соати нӯҳ аз хобаш хест. Ойбикаи танноз арӯси эркаи хоболудро чунон кард, ки ӯ зор-зор гириста, назди шавҳар даромад. Санҷар инро интизор буд ва ба занаш гуфт:

-Ту медонӣ, зани аввали ман айбе надошт, танҳо ба модарам ситорааш рост наомад. Ман ӯро ва писарамро хеле дӯст медоштам, ба хотири модарам аз баҳрашон гузаштам, дили модарамро ёб!- Нозия ба як дидан ошиқи Санҷар шуда буд ва ба хотири ӯ як муддат ба хушдомани ҷоҳилаш сар фаровард, вале ба Ойбика ягон кори келин маъқул набуд. Як рӯз барои кадом кораш хушдоман келинро гуфт, ки бар падарат лаънат! Нозия низ ба тамоми овоз дод зад:

-Бар падари ту лаънат, ба падарам кор нагир, аҷӯза!- Ойбика занг зада, Озару Барноро даъват кард, ки омада духтари ҷиниятонро гирифта баред. Хушдоман ба писару келинаш ҳамроҳ шуд, Ойбика он қадар борони таънаву маломатро ба сарашон рехт, ки гуфтан намешавад. Модари Озар ба ҷойи ягон гапи хуб гуфтан, ба Барно нигоҳ карда гуфт, айби ту, духтарро модар тарбия мекунад. Пеши назари Ойбика, қудои мард ва домодаш Озар Барнои бечораро зери мушту лагат гирифт. Ҳамин вақт Нозия ба дифои модараш бархоста, ба бибияш гуфт, ки “маро модарам не, ту тарбия кардӣ…”

Нозия дасти модарашро гирифта, аз хонаи хушдоман берун шуд ва баъди ба мошини падараш нишастан сарашро ба китфони модараш монда гуфт:

-Очаҷон, маро бубахш, акнун фаҳмидам, ки “нони шӯ арра дорад” чӣ маъно дорад! Офаринат…

Нозия аз шавҳараш ҷудо шуд ва ҳоло намемонад, ки касе ба рӯйи модараш каҷ нигоҳ кунад. Ояндааш чӣ мешавад намедонад, аммо медонад, ки дигар намегузорад то ба пойи модари заҳматкашаш хоре халад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД