arzon replenishment
Ноне, ки аз пули казино ба даст меояд, ҳалол аст?
08.11.2024
ОИЛА.ТҶ
353

Ман дар Аврупо зиндагӣ мекунам. Муддате бекор будам. Зиёд азият кашидам. Чанд моҳ аст, ки дар як казино кор пайдо кардам. Маошаш хеле хуб аст. Шароити зиндагиам комилан дигар шуд. Вале медонам, ки дар дини мо қимор ҳаром аст. Суолам ин аст, ки оё ман ҳақ дорам дар казино кор кунам? Оё як бурида ноне, ки ман меёбам, ҳалол аст?

ШАҲРОМ, аз давлати Олмон

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Қимор гуноҳи бузургест, ки Аллоҳ таъоло онро дар китоби худ ҳаром кардааст ва ҳаром будани онро дар баробари ҳаром будани хамр зикр намудааст. Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ) палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед. Шайтон мехоҳад ба василаи шаробу қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?». (Сураи Моида: 90 - 91).

Вақте ки Аллоҳ таъоло чизеро ҳаром кунад, ҳамкорӣ бо онро низ бо ҳар роҳе, ки набошад, ҳаром мекунад. Бинобар ин, кор кардан дар казино ҷоиз нест, зеро он кӯмак ба гуноҳ аст.

Худованд мефармояд: «Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст». (Сураи Моида: 2).

Пуле, ки инсон бо воситаи кор дар қиморхона ба даст овардааст, пули ҳаром аст. Баҳра бурдан аз он ва сарф намудани он барои худ ҷоиз нест. Бар ӯ воҷиб аст, ки ин пулро дар роҳҳои хайр сарф намуда, аз он раҳоӣ ёбад.

Шумо бояд василаҳои ҳалолро барои дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ҷустуҷӯ кунед. Агар шумо ин мункар (яъне кори ҳаром)-ро ба хотири Аллоҳ тарк кунед, Аллоҳ дар ивази он, кори беҳтар аз онро ба шумо мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД