goodwell
Номзадҳо ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» муайян шуданд
05.08.2026
Oila.tj
137

Марҳилаи сеюм ва ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» бо ҷараёни пуршиддат идома дорад!

Аз миёни 2 256 табиб ва мутахассис, ки дар озмун иштирок намуданд, 93 нафар ба ҳайси номзад ба даври ниҳоӣ интихоб гардиданд. Маҳз аз байни онҳо Кумитаи тадорукоти озмун иштирокчиёни даври ниҳоиро муайян хоҳад кард.

Номзадҳо ба даври ниҳоӣ аз рӯи номинатсияҳо чунин муайян шудаанд:

Табиби анестезиолог-реаниматолог -5 нафар;
Табиби ташхиси инструменталӣ ва УЗИ -5 нафар;
Табиби озмоишгоҳ -4 нафар;
Табиби ташхиси шуоъӣ (рентгенолог) -5 нафар;
Гастроэнтеролог -1 нафар;
Гинеколог -5 нафар;
Дерматолог -1 нафар;
Инфексионист -3 нафар;
Кардиолог -5 нафар;
Асабшинос -5 нафар;
Табиби навзодон (неонатолог) -1 нафар;
Ҷарроҳи умумӣ, ҷарроҳи торакалӣ ва эндоҷарроҳ -5 нафар;
Онколог -2 нафар;
Оториноларинголог (ЛОР) -5 нафар;
Офталмолог -2 нафар;
Педиатр -4 нафар;
Психиатр -2 нафар;
Пулмонолог -3 нафар;
Табиби оилавӣ -5 нафар;
Ҷарроҳи дилу рагҳо ва рентгенэндоваскулярӣ -5 нафар;
Стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй -5 нафар;
Терапевт -3 нафар;
Травматолог-ортопед -4 нафар;
Уролог ва андролог -5 нафар;
Фтизиатр -2 нафар;
Эндокринолог -2 нафар.

Аз пагоҳ дастаи САМТ ҳар рӯз шуморо бо номзадҳои даври ниҳоии озмун шинос мекунад. Ҳар рӯз дар саҳифаҳои мо дар бораи табибоне нақл хоҳем кард, ки муборизаро барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ идома медиҳанд. Инчунин мо мехоҳем сокинони Тоҷикистон бо мутахассисони арзандаи минтақаҳои гуногуни кишвар бештар шинос шаванд.

Ба наздикӣ мо инчунин имконияти гузоштани фикру мулоҳизаҳоро дар платформаи САМТ дубора фаъол хоҳем кард. Пас аз анҷоми марҳилаи озмун, фикру мулоҳизаҳо дигар ба натиҷаҳои озмун таъсир намерасонанд, аммо вазифаи муҳими худро идома медиҳанд -ба мардум дар пайдо кардани мутахассиси муносиб кумак мекунанд.

Шояд маҳз имрӯз касе дар ҷустуҷӯи табиби хуб бошад. Фикру мулоҳизаи самимии Шумо дар бораи табибе, ки назди ӯ табобат гирифтаед ё машварат кардаед, метавонад ба шахси дигар барои интихоби дуруст кумак расонад.

Биёед якҷоя www.samt.tj-ро ба платформаи воқеан муфид барои табибон, беморон ва корфармоён табдил диҳем!

Ба ҳамаи номзадҳои даври ниҳоӣ дар марҳилаи охирини интихоб барори кор ва муваффақият орзу мекунем!

Аз ҳамаи иштирокчиёни озмун барои касбияти баланд, садоқат ба касб ва заҳмати ҳаррӯзаашон баҳри ҳифзи саломатии сокинони Тоҷикистон самимона сипосгузорем.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии техникии ҶДММ «Фазои имконот» баргузор мегардад.

Озмун бо дастгирии FHI 360, ҶДММ «Тибтаҷҳизот» ва клиникаи стоматологии Family Dent баргузор мешавад. Шарикони иттилоотии озмун гурӯҳҳои расонаии «Азия-Плюс» ва «Оила», шарикони эҷодӣ агентии таблиғотии JobaJo ва ивент-агентии NextView Consulting мебошанд. Шарикони рақамии озмун ИТ Парк Душанбе, платформаҳои САМТ ва Касбнамо мебошанд.

#БеҳтаринТабибон #САМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД