Бо Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишин иваз карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки мутобиқи моддаҳои 9 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои худ дар шаҳри Истаравшан номи деҳаи Бафоиро ба деҳаи Вафоӣ ва деҳаи Саричиякро ба деҳаи Саричак иваз кард.
Дар шаҳри Панҷакент деҳаи Киштудаки Поён ба деҳаи Киштудаки Пойин, деҳаи Сойи Вешист ба деҳаи Нови Вешист, деҳаи Уртақишлоқ ба деҳаи Миёндеҳ, деҳаи Ғезани поён ба Ғезани Пойин, Майдони Моғиён ба Моғиёнмайдон, деҳаи Рашнаи поён ба Рашнаи Пойин ва деҳаи Ҳушёрӣ ба Ҳушор табдил ёфтанд.
Дар ноҳияи Ашт деҳаи Ашти Поён ба деҳаи Ашти Пойин ва деҳаи Каттасарқамиш ба деҳаи Найистон иваз карда шуданд.
Ҳамзамон, маҳалли аҳолинишини Дашти Хорзори деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Некобод иваз карда шуд. Ғайр аз ин, дар ноҳияи Варзоб номҳои деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Наврӯзчашма, деҳаи Пурзабад ба деҳаи Пурзавот, Бегар ба Беғар, Косатароши поён ба Косатароши Пойин табдил ёфтанд.
Дар ноҳияи Файзобод ҳам номи маҳали аҳолинишини Оби Файзобод ба деҳаи Оби Шифо, маҳали аҳолинишини Дараи аловак ба деҳаи Дӯстӣ, маҳалли аҳолинишини ҳудуди деҳаи Кӯлобиён ба деҳаи Истиқлол, маҳалли аҳолинишини ҳудуди деҳаи Тахтиалиф ба деҳаи Меҳргон, деҳоти Вашгирд ба Баҳор, шаҳраки Файзобод ба шаҳраки Вашгирд, Қанғелӣ ба Зарнисор ва Ҷавонон ба Хуҷамард иваз шуданд.