Arzon march 2024
Номи деҳаҳои Лахш иваз шуданд
648
Номи Ҷиргатол, ки қаблан дар сатҳи ноҳия иваз шуда буд, акнун дар сатҳи деҳа ва ҷамоати деҳот иваз гардад.
Гуфта мешавад, ки Маҷлиси миллии мамлакат пешниҳод барои иваз кардани баъзе аз номҳо дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-ро баррасӣ мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Лахшро ҷонибдорӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудаст. Аз ҷумла, тибқи ин пешниҳод, деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз табдил меёбад.
Ёдовар мешавем, ки номи худи ноҳия соли 2016 аз Ҷиргатол ба Лахш иваз шуд. Аввали соли равон беш аз 40 воҳиди ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин низ дар ноҳия иваз карда шуданд. Аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти Янгишаҳр ба Нурафшон, деҳоти Сартало ба Саритал, деҳоти Қашот ба Истиқлол, деҳоти Муқсу ба Лахши Боло, деҳоти Алға ба Сайлиобод тағйири ном карданд.
Номи деҳаи Яраши деҳоти Пилдон ба Дӯстобод, деҳаи Чубайи деҳоти Пилдон ба Лолазор, деҳаи Занкони деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Қалъаи Зангкӯб, деҳаи Қарчини деҳоти Ҷиргатол ба Кӯҳдоман, деҳаи Ҷанҷери деҳоти Ҷиргатол ба Навдиёр, деҳаи Ақҷари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедҷар табдили ном карданд.
Инчунин деҳаи Чонқирғизи деҳоти Янгишаҳр ба Зарбоғ, деҳаи Ярмазари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Ёрмазор, деҳаи Долонои деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Дӯлона, деҳаи Янгишаҳри деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Хуррамшаҳр, деҳаи Қашқатераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедорак, деҳаи Ҷултераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Корвонгузар табдил ёфтанд.
Деҳаи Қушағбаи деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дуағба, деҳаи Шилбилии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Бушолон, деҳаи Ҷилондии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дашти мурғон, деҳаи Сугати деҳоти Сурхоб ба деҳаи Обшорон иваз шуданд.
Табдили номи деҳаи Сарталои деҳоти Сартало ба деҳаи Саритал, деҳаи Ҷолболот ба деҳаи Навроҳа, деҳаи Чар ба деҳаи Чордара, деҳаи Қазақтар ба деҳаи Қазоқон, деҳаи Қоштегирмен ба деҳаи Осиёбон, деҳаи Минбулоқ ба деҳаи Ҳазорчашма, деҳаи Домбрачии деҳоти Қашот ба деҳаи Думбрасозон аз тағйроти дигар мебошанд.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД