Arzon march 2024
Ноҳияи Дӯстӣ: "Якҷоя мо тавонотарем"
1128

 

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон паради вилеосипедронӣ, зери шиори “Якҷоя мо тавонотарем” бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Федератсияи дучархасавории Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар доираи “16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат” ки ҳама сола аз 25 ноябр то 10-уми декабр “Рӯзи ҳуқуқи инсон” идома меёбад, баргузор гардид.

13

Занону кӯдакони бесаробон дастгирӣ меёбанд

ЮНИСЕФ, МОМ, ФАО ва Занони СММ барои фароҳам овардани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳое, ки дар Тоҷикистон қарор доранду робитаро бо наздикони худ дар муҳоҷирати меҳнатӣ гум кардаанд, кор мебаранд. Ташкилотҳои СММ ба занон ва кӯдакони муҳоҷирони меҳнатии гумшуда имкон медиҳанд, ки аз хизматрасониҳои равонию иҷтимоӣ самаранок истифода бурда, роҳҳои ба даст овардани даромад, ҳуқуқҳои инсонро омӯзонанд. Ҳамчунин, баргузории чорабиниҳои эҷодӣ ва бо ин раванд баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар самтҳои мазкур мебошад.

10

             “Мо якҷоя қавитарем!"

"Дӯстӣ як ноҳияи қаҳрамон аст, ки дар ҳаёти занон ва кӯдаконе, ки аз муҳоҷират осеб дидаанд, аз тариқи варзиш дигаргуниҳои мусбатро нишон медиҳад", гуфт Ҷаноби Осама Маккавӣ, дафтари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон. Ҳамчунин, номбурда қайд кард, ки мо кормандони ин созмон бояд кушиш намоем, ки на як оила ва на ягон кӯдак аз назарҳо дур намонад ва барои ояндаи устувор ва бидуни зӯроварӣ ва хушунат дар Тоҷикистон дар як самт корбарӣ намоем, чунки “Мо якҷоя тавонотарем!"

1

Оилаҳои бесаробон, ки аз ҷиҳати паст будани сатҳи иқтисодии зиндагиашон ба гуруҳи осебпазир дохил мешаванд, бояд ба ин гуруҳ монеагиҳои гендериро бартараф карда, бо роҳи ҳамгироии иқтисодӣ зиндагии беҳтареро фароҳам оварем. Занону кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳифз карда шаванд ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо талош намоем.  

2

        Нақши велосипед дар зиндагии имрӯза

Дар ин чорабинӣ Кристина Георге Транка, раҳбари намояндагии СБМ сухан карда, таъкид намуд, ки занҳое, ки танҳо, яъне бесаробон мондаанд, имкониятҳои кам доранд. Яъне онҳо таъминкунандаи асосии хонаро аз даст додаанд ва бештари вақти худро ба нигоҳубини кӯдакон, пухтупаз, рӯбучин ва дигар корҳои хона мегузаронанд"

"Велосипедҳо дар ҳаёти ҳар рӯза нақши муҳим доранд, ки барои анҷоми коре ба марказ меравед ё ҷои дигар. Масалан, кӯдаконе, ки ба мактаб мераванд ё ҷавононҳое, ки кор мекунанду бояд чандин киллометрро тай намоянд, имконияти васеъ медиҳад.

3

Оилаҳои бесаробон бо сабаби паст будани сатҳи иқтисодиашон ба гуруҳи хавф ворид мешаванд. Онҳо ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда наметавонанд ва ин ҳолат хатари зӯроварӣ дар оиларо бештар карда, ҳуқуқҳои инсонҳо поймол мегардад.

 Ҳимояи занон ва рушди истеҳсолот

Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон дар баромади хеш оид ба занони хушунатдида ин нуктаро қайд кард: "Ҳимояи занони осебпазир ва беҳтар кардани зиндагии онҳо аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ва бо ин роҳ беҳтар гардидани истеҳсолот, маводҳои ғизоӣ ва шароити хуби иқтисодӣ мусоидат мекунад."

7

"Лоиҳа барои оилаҳои бесаробон, махсусан заноне, ки робатаашонро бо пайвандонашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз даст додаанд, инчунин духтароне, ки бо сабаби паст будани сатҳи иқтисодии оила аз мактаб ва таълим дур шудаанд, ҳамчунин барои рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудааст”.

     Варзиш хушунатро коҳиш медиҳад

Ҳар як оила ҳуқуқ дорад, ки барои ҳалли мушкилоташ ҳимоягар дошта бошад, то ин ки тавонад, аз имкониятҳо, малакаҳо, захираҳо ва дастгирӣ барои таъмини ҳамгироии иқтисодии худ истифода баранд. Дар баробари ин, имкониятҳое, ки истифода мебаранд, тавонанд ба воситаи он масъалаҳои зӯровариро дар атрофи худ ва ҷомеа бо беҳтар намудани дастрасӣ ва огоҳӣ аз хизматрасониҳои асосӣ баррасӣ намоянд.

1

Азиза Ҳамидова, намояндаи Созмони Занони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дар баромади хеш қайд карда гузаштанд, ки варзиш ягона ҷойест, ки мардон мебояд қувваю тавоноии худро нишон диҳанд. Хонум Азиза минатдории худро ба ҳамаи иштирокчиёни ин чорабинӣ, ки ҳамраъйии худро бо занон дар саросари ҷаҳон нишон доданд, баён кард.

11

Варзиш метавонад, баробарии гендериро фароҳам оварда, бо ин роҳ бонувон ва духтарон дар худ эътимод ба усутворӣ ва роҳбариро эҳсос мекунанд. Инчунин варзиш метавонад, оила ва ҷомеаро аз хушунат дур карда, тамғагузориҳои гендериро аз миён мебардорад ва шахс дар хуб бовариро бештар эҳсос мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД