Formula novemver 2024
Нобел ба Узбекистон рафт
963

Мансабдори соҳаи варзиши Ӯзбекистон ва шахси хайрхоҳ Салим Абдувалиев, ки миёни мардум ҳамчун “Салимбойбача” маъруф аст, ба Ҷоизаи Людвиг Нобели Русия соҳиб шуд.

Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, роҳбари Ассотсиатсияи гӯштини ин кишвар мебошад.

Ҷоизаи Людвиг Нобел мукофоти ҳамасолаест, ки ба шахсиятҳои барҷастаи замони мо барои дастовардҳои барҷастаи касбӣ ва хидматҳои арзанда барои инсоният тақдим мешавад.

"Аз ширкат дар ин маросим хеле хурсанд ва дар ҳаяҷонам. Ин ҷоиза на танҳо аз они ман, балки тамоми мардуми Ӯзбекистон аст", - зикр кардааст Абдувалиев дар суханронии сипосгузориаш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД