Биноҳои чойхонаи “Роҳат” ва Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ дар рӯзҳои наздик тахриб мешаванд.
Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ гуфт, ки ин биноҳо кӯҳна буда, ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, вале бренди чойхонаи «Роҳат» ва Театри Лоҳутӣ нигоҳ дошта шуда, ба ин мақсад биноҳои нав бунёд хоҳанд шуд.
- Дар ҷойи чойхонаи “Роҳат” бинои нави мусоир ба талаботи шаҳрсозӣ бо нигоҳ доштани унсурҳои миллӣ сохта шуда, бо номи чойхонаи “Роҳат” дар оянда фаъолият мекунад,- гуфт Мирзозода.