Нишонҳои нуқра ва биринҷии паҳлавонони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
16.06.2025
Oila.tj
285

Дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон - 2025, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон ҷараён дорад, Эмомалӣ Нуралӣ соҳиби нишони нуқра ва Обид Ҷебов соҳиби нишони биринҷӣ шуданд.

Дар 34 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ба имрӯз ҷудокорони тоҷик танҳо 2 нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳонии ҷудо ба даст оварда буданд - Расул Боқиев соли 2007 дар Рио-де-Жанейро ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 дар Абу-Даби.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, имсол, бори аввал, ду ҷудокори тоҷик дар як вазн соҳиби 2 медал гардиданд - нуқра ва биринҷӣ - ва ин як саҳифаи нави ифтихории ҷудои тоҷик ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Нишонҳои нуқра ва биринҷии паҳлавонони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси