Таҳлилҳои Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар пайи тағйирёбии шадиди боду ҳаво ва тӯфони чангу ғубор, ки чанд рӯзи охир фазои кишвари моро фаро гирифтааст, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас хурӯҷ мекунанд. Бояд гуфт, ки натанҳо калонсолон, балки кӯдакон низ ба бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Аз ҳамин хотир бо мақсади пешгирии ин бемориҳо мо бо табиби Маркази миллии тиббии “Шифобахш” Воҳид Мирзоев атрофи нишонаҳои яке аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас-пневмония ва роҳҳои табобати он сӯҳбат оростем.
- Бисёриҳо гумон мекунанд, ки пневмония бемории вирусӣ буда, яке аз шаклҳои каронавирус аст...
- Дар ҷумҳурии мо айни замон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаанд. Пневмония вирусӣ ҳам мешавда, вале дар таҷрибаи тиббӣ шакли вирусии ин беморӣ камтар вомехӯрад. Дар 80%-и ҳолатҳо барангезандаи ин пневмония бактерияҳо мебошанд.
- Дар байни мардум боз як ақидаи дигар вуҷуд дорад, ки зукомро табобат накунӣ, кӯдак ба пневмония гирифтор мешавад? Ин гап ягон асоси тиббӣ дорад?
- Бале, дорад. Кӯдакони синни томактабӣ аксаран баъди аз сар гузаронидани бемориҳои сироятӣ, махсусан зуком, бо сабаби бепарвоии волидон нисбат ба саломатии фарзандашон ва ба пуррагӣ табобат нагирифтан ба пневмония гирифтор мешаванд. Бояд гуфт, ки ин беморӣ бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ аз шахси сироятёфта ба одамони солими дар гирду атроф буда ба осонӣ гузашта метавонад, бинобар ин, кӯдаки ба зуком ё пневмония гирифторшударо аз дигар кӯдакон ҷудо нигоҳ доштан лозим аст.
- Аз рӯйи кадом нишона ва аломатҳо фаҳмидан мумкин аст, ки кӯдак ба пневмония гирифтор шудааст?
- Нишонаҳои аввалини ба пневмония гирифтор шудани кӯдак тақрибан як ҳафта пас аз сироятёбии организм пайдо мешаванд. Маъмулан беморӣ бо аломатҳои зерин аз худ дарак медиҳад:
1. Паридани ранги рӯйи кӯдак.
2. Сустӣ ва беҳолию бемадорӣ.
3. Гум шудани иштиҳо.
4. Қай кардани ғизо ё шир.
5. Бехобӣ, нооромӣ ва бисёр гиря кардани кӯдак.
6. Душвории насафгирӣ.
7. Сараввал пайдо шудани сулфаи хушк ва баъд балғамдор.
Дар сурати бепарвоӣ зоҳир намудани волидон нисбат ба саломатии фарзандашон ва сари вақт ба табибон муроҷиат накардан, ҳолати кӯдак метавонад торафт вазнинтар шуда, нишонаҳои дигар, аз қабили табларза, дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, нолиш кардани кӯдак, душвор шудани нафасгирӣ ва норасоии кори шуш пайдо шаванд, ки оқибатҳои ногувор дошта, раванди табобати бемориро душвор ва тӯлонитар мегардонанд.
- Дар бораи роҳҳои табобати пневмония каме маълумот медодед.
- Пневмония яке аз бемориҳои шадиди сироятии роҳҳои нафас ба шумор рафта, ташхис ва табобати ҷиддиро талаб менамояд. Дар ҳолати ба пневмония гирифтор шудани кӯдакон ба худтабобаткунӣ роҳ додан қатъиян манъ аст. Волидон бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини пневмония ҳатман бояд кӯдакро ба назди табиби кӯдакона ё пулмонолог баранд. Табиб пай барад, ки хатари сироят ёфтан аз пневмония дар кӯдак вуҷуд дорад, ташхиси ренгении шуш таъин мекунад ва дигар ташхисҳои заруриро анҷом дода, вобаста ба ҳолати бемор ва шиддати беморӣ реҷаи табобатро муайян менамояд. Зарурати бистарӣ намудан дар бемористон вуҷуд дошта бошад, кӯдакро бистарӣ мекунанд. Волидон набояд дар чунин ҳолатҳо аз бистарӣ намудани кӯдак саркашӣ намоянд, зеро танҳо табобати дуруст ва саривақтӣ барқарор гаштани саломатии кӯдакро кафолат дода метавонад. Ногуфта намонад, ки кӯдакони ба пневмония гирифторшуда баъди шифо ёфтан низ як муддат бояд зери назорати табибон қарор дошта бошанд.
- Ташаккур барои суҳбати судманд!
Ф. САТТОРӢ