Дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми даҳсолаи байналмилалии сатҳи баланд барои ташаббуси амал - об барои рушди устувор барои соҳои 2018-2028 баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ кормандони ниҳодҳои ЮНЕСКО ва намояндагони кишварҳои аъзо оид ба ҷузъиёти ҳадафҳо, рӯзнома, натиҷаҳои интизоршаванда ва оид ба мушаххасоти логистикии конфронс, ки аз 25 то 28-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал гирифтаанд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ омодагиҳои Ҳукумати мамлакатро муфассал шарҳ дода, аз ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ёдовар шудааст.
Ҳикматулло САНГИНОВ