Formula 2025 may
Нисбати мураббӣ барои марги кӯдак парванда оғоз карда шуд
22.05.2025
Oila.tj
1355

Аз ҷониби кормандони милитсия ва Прокуратураи ноҳияи Сино зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, “гумонбаршаванда ҳамчун мураббӣ дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” фаъолият мекунад. Санаи 19-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 13:05 дақиқа, ҳангоми иҷрои уҳдадорӣ хунукназарона рафтор намуда, дар вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст, ки дар натиҷа аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-солаи сокини пойтахт дар панҷараи ошёнаи 2-юми рахти хоб овезон шуда, ба ҳалокат расидааст”.

Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 175 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД