goodwell
Нисбати маъмури маркази дилхушии “Ором” ҳабси маъмурӣ таъин гардид
26.05.2026
Oila.tj
110

Дар асоси таҳқиқи навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикосгардида оид ба вайрон намудани реҷаи кории маркази дилхушии “Ором” дар ноҳияи А. Ҷомӣ мақомоти милитсияи вилояти Хатлон санҷиш гузаронида, ваҷҳҳои дар он инъикосёфта тасдиқ гардидаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Қурбонов Бахтовар Иброҳимович (12.12.1988 соли таваллудаш) ба ҳайси маъмур (администратор) дар маркази дилхушии «Ором» фаъолият намуда, сарфи назар аз таъкидҳои қаблӣ, реҷаи муқарраршударо дағалона вайрон намуда, берун аз вақти муайянгардида фаъолияти худро идома додааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи А. Ҷомӣ нисбати Қурбонов Бахтовар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардидааст.

- Зимнан, фаъолияти маркази дилхушии “Ором” пурра санҷида, қарорҳои қонунӣ қабул карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД