Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбати 8561 нафар падару модарон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар суд баррасӣ гардида, ба маблағи 6 957 634 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Суди Олии кишвар хабар доданд.
Дар соли 2025 ҳамчунин барои вайрон кардани қонуни танзим нисбати 1297 нафар ба маблағи 10 989 681 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.