Formula september
Ниқобҳои ҷавонкунандаи баҳорӣ барои зеботар шудани бонувон
204

 

Дар аввали баҳор пӯсти рӯйи ҳама инсонҳо дар офтоб месӯзаду андаке шамол мехӯрад ва хастанамо мешавад, аз ин лиҳоз, барои рӯйро тозаву пок кардан ниқобҳои нармкунандаи мевагӣ ва сабзавотӣ заруранд.

Ниқобро метавонед дар шакли шарбат ё атола омода карда, ба пӯсти рӯятон молед. Қабл аз ниқобро ба пӯсти рӯй молидан аввал бояд рӯйро бо оби ширгарм шуста, бо сачоқи мулоими пахтагӣ тоза кунед.

Барои тайёр кардани малҳам бобуна, пудина, барги садбарг, мармарак (шалфей) ва дигар гиёҳҳои шифобахшро истифода бурдан мумкин аст. Аз ин гиёҳҳо ҳамонашро интихоб кунед, ки ба намуди пӯсти шумо мувофиқ бошад ва ин тавр малҳамро омода кунед: 1 қошуқ гиёҳро дар 1 истакон оби ҷӯшида дам партофта, хунук кунонеду полонед. Ба таркиби ниқобҳо барои пӯсти хушк маҳлули чой, шарбатҳо, намакоб, шир ва ғайраҳоро илова кардан мумкин аст. Агар мувофиқи ин гуфтаҳо амал намоед, чеҳраатон ҳамеша солиму зебо ва назаррабо хоҳад шуд.

Ба пӯсти равғанин ниқобҳои турш, ёзанда ва нармкунанда таъсири хуб мерасонанд. Бонувоне, ки пӯсти рӯйяшон равғанин аст, сафедии тухмро бо оби гули алоэ якҷоя намуда, ба рӯяшон моланд, пӯсти рӯяшон таровати тоза пайдо карда, ҷилодор мешавад.

Нафароне, ки пӯсти рӯяшон хушк аст, метавонанд аз равғани зайтун, банан, оби алоэ малҳам тайёр намуда, ба рӯяшон бимоланд. Тӯли ҳафта, агар се бор ин амалро такрор кунед, пӯсти рӯй маҳину зебо мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД