Sebiston new 2024 october
Ниқобҳо барои ожанги чашм дар шароити хона
1704

Ожангҳои атрофи чашм

Аввалин ожангҳои атрофи чашм одатан дар 30-солагӣ пайдо мешаванд. Ожангҳо дар нафарони пӯсти хушкдошта аллакай дар 25-солагӣ мушоҳида мегарданд. Пӯсти онҳо нисбатан тунуктар буда, ғадудҳои чарбуӣ надоранд.

Барои пешгирӣ аз ожанги атрофи чашм қоидаҳои гуногун мавҷуданд.

- хӯрокхӯриро ба танзим дароварда, ба он аҳмияти махсус диҳед;

- намакро камтар истифода баред;

- бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кунед;

- чашмонатонро намолед;

- аз хоб ба қадри кофӣ баҳравар гардед. Камхобӣ ва бидуни истироҳат кор кардан ба ҳолати умумии пӯст таъсири манфӣ мерасонад;

- аз изтиробу ҳаяҷон ва садамаи рӯҳӣ канора ҷӯед.

Кадом равған бар зидди ожанги атрофи чашм ёрӣ мерасонад?

Равғани гандум ғанӣ аз витаминҳо ва антиоксидантҳо буда, барои ба таҳрик даровардани синтези коллаген ва эластин мусоидат мекунад, ожангҳои пӯстро тадриҷан кам менамояд. Равғани жожоба, гули садбарг ва авокадо низ барои ин мақсад мувофиқ аст.

Ниқоб аз кабудӣ

Барои омода намудани малҳам як бандча гашнич, равғани рустанӣ ва қаймоқ зарур аст. Кабудиро дар блендер майда карда, қаймоқ ва равғани рустанӣ, яъне ду қошуқӣ қаймоқ ё равғанро ба як қошуқи гашнич илова кардан зарур аст. Омехтаро якҷоя карда, ба пӯсти атрофи чашм молед ва пас аз 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз асал

Ниқоб аз асал барои ҳамаи намуди пӯст мувофиқ аст. Ба ожанги гирди чашмҳо каме асал молида, пас аз 10–15 дақиқа онро бо оби ширгарм мебояд шуст.

Ниқоб аз банан

Ними бананро ба воситаи чангак майда карда, як қошуқ шарбати помидор ва ё як ампулаи витамини А ва Е-ро илова кардан зарур аст. Омехтаро ба рӯй молида, муддати 10–15 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби ширгарм шӯед. Ин ниқобро дар як ҳафта як маротиба тайёр кунед.

Маҳсулоте, ки пайдошавии ожангҳоро пешгирӣ намуда, баданро ҷавон нигоҳ медоранд:

Маҳсулоти баҳрӣ, чормағз, равғани зайтун, фаллаи 5-фоиза (творог), кабудӣ, сирпиёз, гӯшт, ҷигар ва гулкарам.

Маҳси чашмон, ки барои пешгирии ожанг муфид аст

Чашмонатонро пӯшед ва бо нӯги ангуштон пилкҳои болои чашмро аз бинӣ ба кунҷҳои берунии чашм ва пилкҳои поёниро ба сӯи бинӣ маҳси сабук кунед.

Давомнокии маҳс 30–35 сония бояд бошад. Дар муддати 15–20 дақиқа зуд-зуд чашмак занед. Баъд аз 1 то 3 дақиқа чашмонатонро пӯшида ором гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД