Arzon march 2024
Нимсолаи якум форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад
1174

 

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 90 корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст.

Ин нукта зимни вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратов Лазиз зикр гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои афзалиятноки мавриди баррасии ҷонибҳо қарордошта, ҷалби сармояи мустақим, баргузории форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди муҳокима қарор дода шудааст.

- Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 90 корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда, дар давраи солҳои 2007-2023 аз ҷониби онҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 74,1 млн доллар сармоя ворид гардидааст,- меафзояд манбаъ.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок тавассути ҷалби бахши хусусӣ ва Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, афзоиши ҳаҷми сармояи мустақим, инчунин ҷиҳати баргузор кардани форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ изҳори омодагӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД