Ман шаби гузашта хоб дидам, ки хоҳарамро ба занӣ гирифтаам. Дар хобам ману хоҳарам либосҳои арӯсу домодӣ доштем ва аз бозуи ҳамдигар гирифта ба сӯйи боғи зебое мерафтем, хешу табор бошанд, пеш-пешамон рақсу бозӣ мекарданд.
Субҳ хоби дидаамро ба модарам нақл кардам, он кас маро сарзаниш намуда гуфтанд, ки чунин хобҳоро одам набояд ба ягон кас бигӯяд. Ба гуфти модарам тӯй дар хоб маргу мурда будааст. Ростӣ хеле метарсам, ки мабодо ба сари ману хоҳарам ягон фалокати сахт наояд. Илтимос, таъбири хоби маробигӯед!
У. сокини шаҳри Душанбе
Посух
Бародари азиз, шайтон барои азоб додани бандагони Худо ҳазору як ҳилаву найрангро ба кор бурда, дар хоби зани мусалмон дар шакли марди зебо, дар хоби марди мусалмон бошад, ба сурати зани соҳибҷамолу таннозе зуҳур мекунад ва инсонро ғарқи гуноҳ гардонидан мехоҳад, бинобар ин, фикру андешаҳои азиятоварро аз майнаи худ берун намуда, асабҳоятонро хароб ва дилатонро хун насозед.
Хоби дидаи шумо далели сар задани ягон фалокат нест. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар мард хоб бинад, ки бо яке аз занҳои авлодаш, ки офаридгор никоҳ карданро бо ин хонумҳо манъ кардааст, масалан модар, хоҳар, хола, амма издивоҷ кардааст, шод шавад, зеро ин хоб фоли нек буда, аз он далолат мекунад, ки шахси хобдида ба наздикӣ қадам ба сарзамини мубораки Макка ва Мадина гузошта ба тавофи Хонаи Худо мушарраф хоҳад гашт. Эҳтимол Аллоҳ бо воситаи хоби дидаатон ба шумо пайғоми зиёрати Каъбаро фиристода бошад, то ки аз кулли гуноҳу хатоҳои худ тавба намуда, рӯҳан ба ин сафари муқаддас омода шавед.
Бояд гуфт, ки тӯй дар хоб ҳамчунин рамзи оромиш баъди фоҷиа, ғаму дард ва дигар мушкилоти азиятовар мебошад