Миҷгона Бобоҷонзода аз вазифаи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон озод шуда, ба ҷойи ӯ Нигора Муқимӣ ба ин мансаб таъин гардид.
Сабаби аз вазифа озод шудани Миҷгона Бобоҷонзода маълум нест. Ӯ аз соли 2021 инҷониб дар мақоми Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак фаъолият мекард.
Нигора Муқимӣ қаблан дар вазифаи сардори Раёсати муқовимат ба фасоди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор мекард. Ӯ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар мақомоти зиддифасод аз соли 2010 оғоз ва дар чанд сохтори ин ниҳод фаъолият кардааст.