Нигора Холова, овозхони 31-солаи тоҷик пас аз таваққуфи қариб як сола бо нашри клиптаронаи ҷадид аз худ дарак дод.
Овозхон ҳафтае қабл клиптаронаи нави худро бо номи “Мулки Дарвоз”, ки дар ноҳияи зебоманзари Дарвози ВМКБ сабт шудааст, ба ҳаводорони ҳунараш тақдим намуд. Таронаи “Мулки Дарвоз”-ро дар саҳифаи “Panjsher media” дар шабакаи YouTube то кунун наздики 100 ҳазор нафар тамошо карда, корбарон ба сару либоси овозхон ва мазмуну мундариҷаи суруд баҳои баланд додаанд. “Чандин сол гузашта бошад ҳам, дар ӯ ягон тағйирот дида намешавад. Ҳамоно ҷавону зебост, либоси миллӣ ба бар мекунад ва шарми тоҷикона дорад”, “Гули хушкнашавандаи боғи санъати тоҷик”, “Ана инро либоси миллӣ мегӯянд. Садқаи қадамҳоят шавам, Худо умратро мисли умри арча дароз кунад”,-навиштаанд мухлисони овозхон дар зери навор. Нигора Холова бори охир 11 моҳ қабл клиптаронаи “Шабона”-ро нашр карда, бо ҳамин муддате хомӯширо ихтиёр кард. Ёдовар мешавем, ки Нигора ва Суруш Холовҳо аз зумраи санъаткорони маҳфилоро буда, ба ҷашну хурсандиҳои мардум зуд-зуд даъват мешаванд.