96 наврасе, ки бо сабаби монеагии падару модар ё дигар пайвандонашон аз таҳсил дур шуда буданд, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргардонида шуданд.
Дар ин бора Маҳмадюсуф Имомзода, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар ин нишаст ҳамчунин сухан дар боби тарки пешаи мӯзгорӣ намудани иддае аз кадрҳои ҷавони ин соҳа рафта, вазир қайд кард, ки рафтану омадани омӯзгорон чизи нав набуда, ин динамика дар соҳа ҳамасола вуҷуд дорад. Дар соли 2021 бо сабаби иваз намудани ҷои истиқомат 2228 омӯзгор тарки пешаи худ намуда, 523 нафари дигар бо сабаби марг ва иллати беморӣ дигар ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда натавонистанд. 1031 нафар мӯзгорон тӯли сол ба нафақа рафта, ҷойи онҳоро кадрҳои ҷавон иваз намуданд.
Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи тақдири донишҷӯёну толибилмони афғон, ки дар кишвари мо зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, изҳори назар кард ва гуфт:
“Дар Тоҷикистон мактабе ба номи “Сомониён” фаъолият мекунад, ки сирф барои толибилмони афғон аст. Ин мактаб аз соли 2008 то ин инҷониб фаъолият дошта 380 нафар толибилм дорад. Дар баробари ин 315 нафар шаҳрвандони Афғонистон дар 25 муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намуда истодаанд.
Теъдоде аз зодагони кишвари ҳамсояамон дар риштаи магистратура ва бархе унвонҷӯӣ ҳастанд. Афғонҳое, ки кор кардан мехоҳанд, кушиш мекунем, ки онҳоро дар доираи имкониятҳои худ ба ҷои кор таъмин намоем.
Тавре вазири маориф ва илми ҶТ қайд карданд, айни замон дар Қирғизистон зиёда аз 2000 донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд ва ба хотири таъмини амнияти эшон вазорат омода аст, ки онҳоро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон гузаронад.
“Ҳар нафаре, ки ба мо муроҷиат кард, ба дилхоҳ донишгоҳ аз рӯи ихтиссос равон намудем. Айни ҳол 464 нафар бидуни ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз Қирғизистон ба донишгоҳҳои кишвар шомил карда шудаанд ва таҳсил карда истдаанд, вале баъзе донишҷӯёни мо боз баргашта рафтан мехоҳанд”-мегӯяд Маҳмадюсуф Имомзода.
Вазир аз бозгашти донишҷӯён изҳори нигаронӣ карда гуфт:
“Вақте Ҳукумати Қирғизистон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба марзи худ бо қарори махсус манъ кард, мо шаҳрвандони худро даъват намудем, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва онҳоро ба таҳсил фаро мегирем, вале боз нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд дубора ба ин кишвар баргарданд...”
Вазир бар он назар аст, ки донишҷӯёни тоҷик айни ҳол аз сафар ба ин ҷумҳурӣ худдрӣ намоянд, беҳтар аст, зеро вазъият ба ҳамагон маълум аст.