Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ду ҳолати марги кӯдакон дар натиҷаи оббозӣ дар кӯлу каналҳо ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаи 4-нафар ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар рӯзҳои охир хабар дода, аз шаҳрвандон, бахусус волидайн дархост намуд, ки назорати фарзандонро ҷиддӣ ба роҳ монанд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ноболиғон дар ҳолати беназоратии волидайн, ба амалҳои ғайриқонунӣ машғул мешаванд. Махсусан, дар нимаи дуюми шаб бе иҷозат идора намудани воситаи нақлиёти волидайн, машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ ва оворагардию талбандагӣ ҳамарӯза аз ҷониби кормандони милитсия ба қайд гирифта мешаванд,- меафзояд РВКД дар шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи ин собитгари он аст, ки аз ҷониби волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир мегардад.