Arzon march 2024
НЕСЛИҲАН АТАГУЛ АЗ КАДОМ БЕМОРӢ АЗОБ МЕКАШАД?
3387

Неслиҳан Атагул, ҳунарпеша ва модели 28-солаи турк, ки дар силсилафилми “Духтари сафир” нақш меофарид, бинобар бад шудани вазъи саломатиаш пеш аз муҳлат саҳнаро тарк кардааст.

Хабаргузории “Кинотека” менависад, ки ҳунарпеша ҳар гуна доруҳои таскинбахшро истеъмол карда, кори худро идома медод, аммо билохира беморӣ ӯро аз пой афтонид ва аз майдони наворбардорӣ дур кард. Неслиҳан фавран аз шаҳри Муғла, ки филм дар он ҷо рӯи навор меомад, ба шаҳри Истанбул баргашта, аз муоина гузаштааст. Табибон дар вуҷуди ҳунарпеша бемории ҷиддии рӯдаро ташхис карда, тавсия додаанд, ки давоми 26 рӯз бояд табобат бигирад. “Ҳарчанд сабр кардам, аммо ҷисмам дигар тоқат карда натавонист. Ба ман каме истироҳат лозим аст.

Шукри буданатон, дӯстони азизам”,-навиштааст ҳунарпеша дар Инстаграм. Гурӯҳи эҷодии филми “Духтари сафир” маҷбур шудаанд, ки ба филмнома тағйирот ворид кунанд, зеро Неслиҳан Атагул ба табобати ҷиддӣ ниёз дорад ва як моҳи оянда дар филми мазкур нақш офарида наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД