Ин навбат бо Назираи Беназир, ровии радио ва тӯю маъракаҳои хурсандӣ суҳбати ошкоро доштем. Ӯ аз орзуҳои кӯдакӣ то кор дар телевизионҳо, аз ровигӣ дар тӯйҳо то кор дар радиоҳо, аз махсусияти Инстаграм то “балои охирзамон” унвон гирифтани ин шабака ва ғайраҳо қисса кард. Пас аз суҳбат бо ин бонуи зебо ва самимӣ шинохти мо доир ба шахсияти ӯ тамоман дигар шуд. Барои худ як одами тамоман дигарро кашф кардем. Озод, самимӣ, рӯшандил ва як инсони хуб.
- Ҳоло пайи кадом корҳо ҳастед ва умуман як шабонарӯзатон чӣ гуна мегузарад?
- Ин шабу рӯз ҳамчун ровӣ ҳам дар радиои “Ҳамсадо” фаъолият мекунам ва ҳам шодишарики мардум дар маъракаҳои хурсандиашон мешавам. Шукр, кору зиндагиам хуб аст, аз чизе шикоят надорам.
- То ҷое медонем, насаби шумо Музофирова аст, аммо худро ҳамчун Назираи Беназир муаррифӣ мекунед. Ин тахаллуси эҷодиро, ки ба худатон бисёр мезебад, чӣ гуна интихоб кардед?
- Бале, дар шиносномаам насабам “Музофирова” аст, тахаллуси эҷодиамро, ки ба номи аслиям хеле хуб часпидааст, як дӯсти наздикам пешниҳод кард ва азбаски бисёр писандам омад, қабул кардам.
- Шумо як шахси эҷодкор ҳастед, бигӯед, ки роҳи эҷодатон чӣ гуна оғоз шуд?
- Холаи ман дар идораи иттилоотии телевизион фаъолият мекарданд ва аз хурдӣ меҳри ин пеша дар қалбам ҷой гирифта буд. Бо тавсияву роҳнамоии мавсуф ба телевизион рафтам ва ба ҳайси мухбири идораи иттилоотӣ фаъолият кардам.
- Чӣ гуна ва барои чӣ ровии тӯю маъракаҳо шудед?
- Пас аз чанд соли фаъолият дар телевизион дӯсти наздикам пешниҳод кард, ки хуб мешавад агар дар маъракаҳои хурсандии мардум ҳам ровӣ бошӣ. Вақте ки эҳсос кардам аз ҷиҳати молӣ тӯй беҳтар аст, бо фикру талоши зиёд ровии тӯй шудам.
- Аввалин тӯйи гузаронидаатонро ёд доред?
- Бале, бисёр номуваффақона буд. Ёдам ҳаст, ки соли 2015 аввалин бор ҳамчун ровӣ ба тӯй рафтам ва аз тарс даступохӯрда шудам ва дигар нарафтам. Танаффуси хеле тӯлонӣ доштам. Соли 2021 боз ба тӯй баргаштам ва ин навбат тамоман дигар хел худамро ҳис кардам.
- Одатан дар тӯйҳо меҳмонон мехоҳанд бисёртар суруд гӯш карда, рақс кунанд, оё дар вақти сухан кардан ин ҳолатро ҳис мекунед?
- Ин суханро ман борҳо шунидаам, аммо дар вақти гузаронидани тӯйҳо баръакс, аз соҳиби тӯй сар карда, то меҳмонон паём мефиристанд, ки ман зуд-зуд баромада, сухан кунам.
- Касби ровигӣ, махсусан дар тӯйҳо чӣ ҳолатҳои ногувор дорад?
- Шояд манзуратон он бошад, ки бархеҳо сархуш мешаванд ва худро идора карда наметавонанду баъзе суханҳои нохуб мегӯянд, аммо шукри Худо то ҳол ягон маротиба ҳолати ногувор дар вақти кории ман рух надодааст.
- Ба чӣ гуна тӯйҳо намеравед?
- Гап дар тӯй не, гап дар тӯйдор аст.
- Ба кадом тӯйҳо бепул рафта метавонед?
- Танҳо ба тӯйи дӯсти наздикам.
- Дар кишвари мо ровиро чӣ гуна қадр мекунанд?
- Шукри Худо бисёр хуб қадр мекунанд. Ман дигаронро намедонам, аммо арҷгузориро нисбат ба худам хеле зиёд эҳсос мекунам.
- Шумо инчунин ровии радио низ ҳастед. Аз коратон дар радиои “Ҳамсадо” чӣ гуфта метавонед?
- Ман муддате дар радиои “Имрӯз” ҳамчун ровии барномаи иттилоотӣ фаъолият кардам ва аз ҳисоби дурии роҳ ба наздикӣ ба радиои “Ҳамсадо” гузаштам, ки дар ҳамсоягии ман аст. Дар радиои “Ҳамсадо” барномаи табрикотӣ дорам, ки мардум занг мезананд ва пайвандони худро ба рӯзи хурсандиашон табрик мекунанд. Яъне, ин ҷо ҳам шодишарики мардум ҳастам.
- Шахси машҳур будан барои як духтар чӣ душвориҳо дорад?
- Маро дар хиҷолат мемонед. Ба фикре ҳастам, ки агар маро дар ҷое мешиносанд ва дӯст медоранд, пас масъулам, ки ба худам зиёдтар аҳамият диҳам. Яъне, шинохта будан дар ҷомеа пеш аз ҳама масъулият аст.
- Аз рӯи ихтисос куҷоро хатм кардаед?
- Аз рӯи маълумоти якум ҳисобчӣ ҳастам ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардаам. Дуюм маълумотам иқтисодчист, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда истодаам. Боз чандин курсҳоро гузаштаам, ки касбу ҳунарҳои гуногунро дарбар мегиранд.
- Дар Инстаграм фаъол ҳастед ва аввалин аксатонро 18 январи соли 2019 гузоштаед. Оё аз ҳамон сол оғоз кардед истифодабариро ё саҳифаи дигар доштед пеш аз он?
- Ман аз соли 2012 дар Инстаграм саҳифа доштам. Он вақт дар ин шабака ҳамватанонамон набуданд, аз истифодабариаш даст кашидам. Пасон, рӯзи зодрӯзам 18-уми январи соли 2019 дубора ба ин саҳифа гузаштам.
- Худро блогер меҳисобед?
- Ман умуман худро блогер ҳис намекунам ва агар мехостам блогер шавам, лаҳзаҳои ҷолиби зиндагиамро, ки хеле зиёданд, расонаӣ мекардам.
- Фазои Инстаграм барои шумо чӣ гуна аст?
- Мутаассифона, ҳоло Инстаграм як бемории хеле бад аст, ки бархеҳо ҳатто наметавонанд соате аз он дур бошанд. Бо касе ҷанг мекунанд, бо касе дӯстӣ мекунанд, таваҷҷуҳ мехоҳанд, ғамгин мешаванд, механданд ва ғайраҳо. Хуллас, ин шабака як балои охирзамон аст. Шукр, ман чунин нестам ва бисёр кам истифода мебарам. Зеро ман зиндагии ҳақиқиро дӯст медорам.
- Чаро дар аксар навору аксҳоятон шарҳ доданро хомӯш кардаед?
- Барои он, ки ақидаи бархе бароям муҳим нест.
- Шумо ягон маротиба фикр кардаед, ки чаро мо дар ин дунё зиндагӣ мекунем?
- Ин дунё як имтиҳон аст ва мақсади аслии зиндагиамон худрову Худоро шинохтан аст.
- Аз худатон, аз коратон розиед?
- Шукр, розиям ва боз кӯшиш мекунам.
- Ташаккур барои суҳбати ошкоро.
- Саломат бошед!