Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи ҳудуди 1000 мухлиси тоҷик барои ҳаводории футболбозони тоҷик ба Қатар меравад.
Бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳудуди 1000 мухлис аз тамоми манотиқи кишвар бо 3 ҳавопаймо ба Қатар парвоз мекунанд. Субҳи имрӯз беш аз 60 нафар сокинони Хуҷанд бо дастгирии роҳбарияти вилоят ба Давҳа парвоз карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯи пеналтӣ) ғолиб омада, тими Урдун бар Ироқ (3:2) ғалаба кард. Бозӣ миёни Тоҷикистон ва Урдун соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ва тими миллии Урдун бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.