Arzon march 2024
Назари арӯси шаҳрӣ домоди қишлоқиро нагирифту…
25.09.2022
Рустам
1477


Салом! Ман Рустам, 25-сола. Духтари дӯстдоштаам дар яке аз мағозаҳои шаҳри Душанбе кор мекунад. Шаш моҳ боз бо ҳамдигар риштаи ишқу муҳаббат доштем. Модарам ба ҷону ҳолам намонда, маро маҷбур мекард, ки зудтар зан гирам.

Хешу табор нияти келинкунӣ доштани модарамро фаҳмида, духтарҳояшонро пешкаш мекарданд, вале модарам ихтиёрро ба худи ман дод. Ба дӯстдоштаам занг зада гуфтам, ки модарам ба хонаашон хостгорӣ рафтанист.

Се рӯз муҳлат хост. Боварӣ доштам, ки тӯю тамошо карда, азизи диламро ба ноҳия мебарам, вале рӯзи чорум духтар занг зада гуфт, ки падару модараш розӣ нестанд. «Духтарамонро ба бачаи деҳотӣ намедиҳем» гуфтани падару модари маҳбубаам ба ман бисёр сахт расида бошад ҳам, як бори дигар бахтамро санҷиданӣ шуда, модарамро ба хостгорӣ фиристодам.

Очаи бечораам бо кулчаҳои ширмолу қанду мавизи бисёре аз деҳа ба Душанбе хостгорӣ омад, вале «Духтари мо ҳоло хурд аст, донишгоҳро тамом кунад, баъд ба шавҳар медиҳем» гуфта, навмед гуселаш карданд.

Медонам, ки ин гапҳо баҳонаанд, мағзи гап дар он ки назари шаҳриҳо моро нагирифт. Ман ба як чиз ҳайронам, магар мо одам нестем ё гаҳвораи шаҳриҳо аз осмон фаромадааст, ки духтарашонро ба бачаи қишлоқӣ намедиҳанд?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД