Sebiston new 2024 october
НАЗАРАМ АРӮСИ ПУПСИКРО НАГИРИФТ
11.04.2021
ОИЛА
3924

 

Ҷавони муҷаррадам ва ҳар рӯз пайвандонам бароям ягон арӯс меёбанд. Худам, ки соҳибмаълумотам, мехоҳам тақдирамро бо ягон духтари донишманду боақлу ҳуш ва мӯрчамиёну нозанин пайвандам, то фардо ҳамроҳи ҳамсарам ба кӯча баромада шарм надорам.

Дар як идораи бонуфуз кор мекунам ва ҳамкоронам низ мудом маро насиҳат мекунанд, ки саросема нашуда, арӯси аз ҳама ҷиҳат ба худам муносиб ёбам, то баъд аз интихобам пушаймон нашавам. «Зиндагӣ бозичаю зан ё шавҳар тоқӣ ё либос нест, ки маъқул нашавад, партоӣ ё ба ягон кас тӯҳфа кунӣ, барои ҳамин Фирдавсҷон дар масъалаи хонадоршавӣ нағзакак фикр кун ва духтарро ҳаматарафа дидаю санҷидаю омӯхта, баъд издивоҷ намо» мегӯянд ҳамкоронам, вале пайвандонам фикри дигар доранд. Онҳо арӯси ба завқи ман нею ба табъи дили худашон муносиб меҷӯянд. Аз нуқтаи назари онҳо духтар дӯзандаю пазандаю сархам бошад, арӯси беҳтарин мешавад. Ақлу фаросат ва зебоияш аслан моҳият надорад мегӯянд. Ҳафтаи гузашта холаам Хатича занг зада гуфтанд: «Фирдавсҷон, як арӯси зӯр ёфтам, мегирӣ?! Сарамро хорида кӣ будани арӯси зӯри ёфтаашонро пурсидам. «Духтари дугонаам! Ба ту муносиб аст.

Духтари меҳнатӣ, панҷ панҷааш ҳунар, дар кору бори хона бисёр чаққон…» Холаам духтари дугонаашонро чунон таърифу тавсиф карданд, ки шавқи дидораш дар дилам пайдо шуд ва хоҳиш кардам, ки ягон сураташро биёранд, то як бор бубинам. Рӯзи дигар акси «арӯси зӯр»-ро оварданд. Дидан баробар авзоям беҷо шуду ба холаам рӯ оварда ғазаболуд гуфтам: «Шумо ба ман холаед ё душман? Дар ҳар як тори мӯям як духтар овезону наход ҳамин пупсикро ба занӣ бигирам?!» Холаам сахт ранҷиданд. Барои «прикол» рӯзи дигар ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ акси «арӯси зӯр»-ро ба ҳамкоронам нишон додам. Чашмашон ба сурат афтидан баробар ҳамаашон якбора «Воҳ, наход духтар ҳамин қадар фарбеҳ шавад?! гуфта, қоҳ-қоҳзанон хандиданд. Дар дил худоро шукр гуфтам, ки ба гапҳои холаам дода шуда розигӣ надодам, вагарна пас аз тӯй хандахариши мардум мегаштам. Ин моҷароро барои он рӯйи коғаз овардам, ки холаам модарамро ба миёна кашида зӯран ҳамон «арӯси зӯр»-и ёфтаашро ба сари ман бор карданист. Дугонаашро барвақт бо умед карда будааст, ки духтарашро ба ман келин мекунад. Дар деҳа овоза кардаанд, ки гӯё ман аллакай бо ҳамон «пупсик» номзад шудаам. Нигоҳҳои маънидоронаи ҳамсояҳо аз ҷавшани ҷонам мегузаранд. Аз минбари баланди «Оила» гуфтаниям: Ҳой мардуми ҳангомаҷӯй, илтимос маро ба ҳолам гузоред!

Фирдавс аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД