Тайи ду рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои ғарқ шудани шаҳрвандон рӯй додааст, дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.
Санаи 18 июли соли ҷорӣ, сокини 23-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар як минтақаи барои оббозӣ мамнӯи Сирдарё ғарқ шудааст. Ғаввосон алакай соати 18:10 ҷасади ӯро пайдо карда, аз об берун кашидаанд ва ба мақомот супурдаанд.
Ҳодисае, ки дар ноҳияи Рашт рӯй додааст. Сокини 16-солаи деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода ҳангоми моҳигирӣ дар дарёи Сорбоғ ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то шоми 18 июл натиҷае надод ва амалиёти ҷустуҷӯӣ аз субҳи 19 июл аз сар гирифта шуд.
Тавре сокинони Яшм ба “Бомдод” хабар додаанд, навраси дар дарёи Сорбоғ ғарқшуда Назриев Абдусатор, хонандаи синфи 9 буд. Падари Абдусаттор дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт ва Абдусаттор бо аҳли оилааш мебоист баъди 4 рӯз ба пеши падараш ба Русия мерафтанд.
Ҳодиса ғарқшавӣ дар фасли гармо бештар ба қайд гирифта мешавад ва мақомот низ ҳамеша аз сокинон даъват мекунад, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва дар мавзеъҳои хатарнок аз оббозӣ кардан худдорӣ намоянд.